Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоие ба тарафдории Тихановская даҳҳо ҳазор нафарро ба кӯчаҳо баровард


Минск, 30 июл
Минск, 30 июл

Дар пойтахти Беларус шаҳри Минск рӯзи 30 июл як раҳпаймоии серҷамъияттарин дар ин охирҳо бо ширкати даҳҳо ҳазор тарафдори номзади мухолифин Светлана Тихановская баргузор шуд. Ба ҳисобҳои маркази ҳуқуқи башари “Весна” дар ин намоиш дастикам 63 ҳазор нафар иштирок кард ва ба назар меравад, ки президент Александр Лукашенко баъди 26 соли раҳбарӣ бо азимтарин чолише рӯбарӯ шудааст. Тихановская хитоб ба тарафдоронаш гуфт, ки хостори як интихоботи озод мебошад. Ӯ гуфт:

Светлана Тихановская (дар марказ), Вероника Тсапкала (аз чап) ва Мария Калесникова (аз рост)
Светлана Тихановская (дар марказ), Вероника Тсапкала (аз чап) ва Мария Калесникова (аз рост)


“Вақте ман президенти Ҷумҳурии Беларус шудам, се корро анҷом медиҳам. Аввал зиндониҳои сиёсиву иқтисодиро озод мекунам. Дуюм, ман реферундуми бозгардони конститутсияи соли 1994-ро барпо мекунам. Дар ин санад дар заминаи мӯҳлат ва салоҳиятҳои президент маҳдудият вуҷуд дорад. Сеюм. Дар давоми ним сол шароите фароҳам меорам ва интихоботи одилона, мустақил ва нави президентӣ барпо мекунам. Ин президентро шумо интихоб хоҳед кард”

Интихоботи 9 август шашум овоздиҳӣ барои президент Александр Лукашенко мешавад.

XS
SM
MD
LG