Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Булғористон ва се ҳафта эътирозҳо бо талаби истеъфои ҳукумат


29 июл, София, пойтахти Булғористон
29 июл, София, пойтахти Булғористон

Се ҳафта инҷониб дар тамоми шаҳрҳои Булғористон ҳазорҳо нафар бо талаби истеъфои ҳукумат ва додситони кулл эътироз мекунанд. Рӯзи 29 июл эътирозгарон чандин шоҳроҳро ба самти пойтахт, шаҳри София масдуд карда давоми соатҳои тӯлонӣ пеши роҳи ҳаракати мошинҳоро гирифтанд. Бо ҳаёҳуву ҳуштаккашӣ эътирозгарон ба истеъфои нахуствазир Бойко Борисов даъват карда гуфтанд, ки ӯ ба мафия рабт дошта, даст ба фасод мезанад. Норизоият аз додситонии кулл аз он ҷост, ки мақомоти тафтишотӣ дар як рейде дафтари президенти кишвар Румен Радевро тафтиш карданд. Радев мунаққиди шадидлаҳни ҳукумати Бойко Борисов мебошад. Худи Борисови 61-сола гуфтааст, ки мӯҳлати президентиашро то охир иҷро хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG