Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон имрӯз ба хотири қурбониёни коронавирус мотам дорад


Дар Қирғизистон бештар аз дигар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ сокинон қурбони коронавирус шудаанд. Дар беш аз ним соли охир дар ин кишвар 1364 кас бар асари вирус ва "илтиҳоби шуш" ҷон бохтааст
Дар Қирғизистон бештар аз дигар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ сокинон қурбони коронавирус шудаанд. Дар беш аз ним соли охир дар ин кишвар 1364 кас бар асари вирус ва "илтиҳоби шуш" ҷон бохтааст

Дар Қирғизистон имрӯз, 30 июл Рӯзи мотами миллӣ бахшида ба ёди шаҳрвандоне аст, ки бар асари мубталошавӣ ба коронавирус ҷон бохтаанд.

Дар саросари Қирғизистон бо шумули намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷ парчами ин кишвар поин бурда мешавад. Ба марказҳои фарҳангӣ ва телевизионҳо тавсия шудааст, ки дар ин рӯз барномаҳои фароғативу консертии худро қатъ кунанд.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков паёмеро ба мардуми кишвараш ироа кард. "Мубориза барои ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони мо ҳанӯз ба поён нарасидааст. Ин ҳодиса барои ҳамаи мо як санҷиши мушкил шуд. Мубориза бо беморӣ, ба хотири ҳифз ва ҳимояти саломатии шаҳрвандон муборизаи умумимиллӣ аст", - изҳор дошт ӯ.

Дар Қирғизистон давоми як шабонарӯзи ахир 631 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Шумори умумии мубталоёни вирус то 30 июл ба 35 ҳазору 143 нафар расида, 1364 кас бар асари вирус ва "илтиҳоби шуш" ҷон бохтааст. Танҳо дар давоми як рӯзи ахир 17 нафар фавтидааст.

XS
SM
MD
LG