Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоте мегӯяд, Huawei дар фурӯши дастгоҳҳо аз Samsung пеш гузашт


Рамзи Huawei дар як фурӯшгоҳи вижаи Пекин
Рамзи Huawei дар як фурӯшгоҳи вижаи Пекин

Ширкати мухобиротии Huawei аз ширкати Samsung пеш гузашт ва дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ бино ба афзоиши талаботи дохилӣ азимтарин фурӯшандаи смартфон ё телефонҳои ҳушманд шуд. Дар ин бора рӯзи 30 июл ширкати таҳқиқотии Canalys хабар дод ва гуфт, ки ширкати Huawei, ки бо таҳримҳои ИМА ва маҳдудиятҳои нав дар бозори беруна рӯбарӯ аст, 55,8 миллион дастгоҳро ба фурӯш бурдааст, моли содиротии Samsung-и Кореяи Ҷанубӣ 53,7 миллион адад будааст. Canalys гуфт, нахустин бор дар нӯҳ соли охир дар бозори мухобирот Samsung ё Apple аввал нашуданд.

Canalys мегӯяд, ки ширкати азими Huawei дар мухолифатҳои геополитикии миёни Пекину Вашингтон як мушкили калидӣ шуд ва таҳримҳои ИМА бозори Huawei-ро дар берун аз Чин зиён овард, вале ҳоло мавқеи он дар бозори дохилӣ боло рафтааст. Вашингтон мегӯяд, ки ширкат ба амнияти интернетии ИМА таҳдид мекунад ва маъракаи сартосарии маҳдудкунии Huawei-ро ба роҳ монд. Huawei инчунин истеҳсолкунандаи азими дастгоҳҳои мухобиротии шабакавӣ ба шумор меравад. Ширкати таҳқиқотӣ гуфтааст, ки беш аз 70 дарсади смартфонҳои Huawei дар дохили Чин ба фурӯш меравад. Samsung дар ин кишвар чандон фурӯши зиёд надорад. Зери фишори ИМА Бритониё ваъда дод, ки то соли 2027 ширкати Huawei-ро аз шабакаи 5G хориҷ мекунад. Австралияву Ҷопон ҳам бархе иқдомҳое дар амри маҳдуд кардани ширкати Huawei ва гузариши он ба 5G-ро рӯи даст гирифтанд.

XS
SM
MD
LG