Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ як сокини Душанберо барои пешниҳоди ҳамхобагӣ ба як зан муҷозот кард


Қосим Оев.
Қосим Оев.

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе Қосим Оеви 30-соларо барои озори як зан 406 сомонӣ ҷарима кард. Дар ин бора Раёсати умури дохилии Душанбе хабар дод.

Ҳодиса 12 июли соли равон рух додааст. Ин зан дар шабакаи "Фейсбук" навишт, ки дар роҳ мунтазири таксӣ буд ва ҷавоне бо мошини навъи Mercedes-Benz омада, бар ивази 100 доллар ба ӯ пешниҳоди ҳамхобагӣ кард. Зан дар посух зарфи обро ба самти мошин ҳаво дода, дар натиҷа ҷавон вайро дашном додааст.

"Чаро мардҳо ин гуна рафтор мекунанд? Магар онҳо, модар, хоҳар, зан ё духтар надоранд? Ман мехоҳам, ин аҳмақҳо муҷозот шаванд. Ягон аҳмақ ҳақ надорад, на фақат бо ман, балки бо тамоми занҳо ин гуна рафтор кунад!",-навишта буд ӯ.

Маъмурони пулиси Душанбе Қосим Оевро рӯзи 28 июл дастгир карданд. Оев дар "майдаавбошӣ" айбдор ва 406 сомонӣ ҷарима шуд.

XS
SM
MD
LG