Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Беларус 32 шаҳрванди Русия боздошт шуд. Аз онҳо чун аъзои "Вагнер" ном бурда мешавад


Саҳнае аз боздошти низомиёни марбут ба гурӯҳи "Вагнер" дар ТВ-и давлатии Беларус намоиш дода шуд. 29 июли соли 2020

Хабаргузории давлатии BelTA гузориш дод, ки шаби гузашта дар наздикиҳои Минск “32 зархариди низомии хориҷӣ” боздошт шуданд. Дар хабаре аз рӯзи 29 июл омадааст, ки мақомоти амниятӣ дар бораи ба кишвар ворид шудани беш аз 200 ҷангҷӯ “ба хотири бесубот кардани вазъият” дар ҷараёни интихоботи президентии рӯзи 9 августи Беларус хабаре дарёфт карданд. Баъди ду соат хабаргузории расмии Беларус гуфт, ки боздоштшудаҳо аъзои Ширкати хусусии низомии "Вагнер" ва ҳама шаҳрвандони Русия мебошанд.

Дар ин хабар тафсилоти аз ин беш оварда нашудааст ва сухангӯи Кумитаи тафтишт Сергей Кабакович дар сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки “ҳама хабари дигар тавассути шабакаҳои давлатӣ” нашр хоҳад шуд. Хадамоти матбуоти Кумитаи амнияти давлатӣ (КГБ) ва вазорати дохилии Беларус ба телефонҳои РАО/РО посух надоданд.

Президент Александр Лукашенко баъди 26 соли раҳбариаш дар моҳҳои охир бо мухолифати шадиди бесобиқа рӯбарӯ шудааст. Ба илова, садҳо фаъолон ва блогнависҳо дар маъракаи саркӯби эътирозгарони пуштибони номзадҳои мухолифи сабтиномнашуда боздошт шуданд. Лукашенко гуфтааст, ки нирӯҳои номаълуме метавонанд ҷангиёни ширкатҳои номаълуми хусусии низомиро барои ташкили инқилобе дар Беларус, назири он чи ки дар Украина соли 2014 боиси аз қудрат барканор шудани президенти рӯ ба Русия Виктор Янукович шуд, истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG