Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти амрикоӣ аз оташбаси рӯзҳои иди Афғонистон истиқбол карданд


29 июл, бозоре дар Кобул
29 июл, бозоре дар Кобул

Мақомоти амрикоӣ эълони оташбаси серӯза дар Афғонистонро, ки аз ҷониби Толибон пешниҳод ва ҳукумат ҳам онро ҷонибдорӣ кардааст, истиқбол намуда ба шурӯи ҳарчи зудтари музокироти миёни ду ҷониб изҳори умедворӣ карданд. Ҳарду ҷониб гуфтанд, ки дар арафаи Иди Қурбон, ки 31 июл шурӯъ мешавад, душманӣ канор гузошта мешавад. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки фиристодаи вижаи ИМА дар Афғонистон Залмай Халилзод дар талоши азсаргирии музокироти ду ҷониб буда, ин мавзӯъро зимни дидору гуфтугӯҳояш аз Покистон, Кобул ва Қатар матраҳ мекунад.

Халилзод рӯзи 29 июл дар саҳифаи худ дар Twitter навишт: “Мо эълони оташбаси рӯзҳои идро, ки аз ҷониби Толибон садо доду ҳукумати Афғонистон ба он ҳамовозӣ кард, истиқбол мекунем”. Ӯ гуфт, “умеди мо ин аст, ки ин ид тамоми мардуми Афғонистонро дар дарк ва эҳтироми ҳамдигарӣ ба ҳам оварда ба сӯи сулҳи пойдор як қадам наздик мекунад”. Дипломати амрикоӣ дар Кобул Росс Уилсон ҳам изҳори умедворӣ кард, ки ҳарду ҷониб базудӣ сари мизи гуфтушунид менишинанд. Ӯ гуфт, мардуми Афғонистон “сазовори ҷашнгирии иди сулҳ аст”.

Амрико ва Толибон моҳи феврал созише имзо карданд, ки ҳадафи он ҳамвор кардани роҳ барои гуфтугӯҳои мустақими байни ин гуруҳи ифротӣ ва ҳукумати Кобул ва ҳамингуна хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон аст.

Бо вуҷуди онки Толибон ҳамлаҳо ба зидди сарбозони Амрикову НАТО-ро бас карданд, тақрибан ҳар рӯз ба сарбозони афғон ҳамла мекунанд. Як мушкили аслӣ дар роҳи музокирот байни ду тараф таъхир дар табодули асирон будааст.

XS
SM
MD
LG