Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба пандемия дар як рӯзи гузашта: Аз ИМА то Олмон


Озмоиши воксинаи эҳтимолии зидди COVID-19 дар Олмон

Дар ИМА шаш аёлат – Арканзас, Калифорния, Флорида, Монтана, Орегон ва Техас дар як рӯзи 28 июл шумори рекордии олудашавиҳо ба коронавирусро ба қайд гирифтанд. Дар саросари кишвар шумори қурбониҳои коронавирус 150 ҳазор нафарро ташкил додааст. Инчунин Мексика ва Бразилия мизони баланди талафот бар асари COVID-19-ро гузориш доданд. Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс гуфт, ки дар саросари ҷаҳон шумори мардуми ҷондода бар асари ин вирус ба 660 ҳазор нафар наздик шуд. Мақомот дар Ҳонгконг гуфтанд, ки ин шаҳр дар ростои хуруҷи бисёр хатарнок қарор дорад ва аз сокинон хост, ки ҳадди аксар дар хонаҳо бимонанд. Дар Чин рӯзи 28 июл 101 ҳодисаи олудагӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар сеюним моҳи охир баландтарин нишондоди сирояти якрӯза будааст. Дар Олмон, ки яке аз кишварҳои муваффақ дар мубориза бар зидди COVID-19 гуфта мешавад, садҳо ҳодисаи нави гирифторӣ қайд шудааст. Дар ин кишвар дар як рӯз 684 нафари нав олуда шуда, дар маҷмӯъ шумори олудашудаҳо ба 9128 нафар расид. Манбаи олудагиҳои нав шабнишиниҳову ҷои кор гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG