Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав беш аз 800 занро дар боздоштгоҳи мардона ҷо карданд


Ахиран дар як зиндони занонаи Маскав сӯхтор ба амал омад.
Ахиран дар як зиндони занонаи Маскав сӯхтор ба амал омад.

Дар шаҳри Маскав беш аз 800 занро баъд аз сӯхтор дар боздоштгоҳи занона ба боздоштгоҳи мардона бурданд.

Ба гуфтаи роҳбари тарҳи ҳифзи ҳуқуқи Gulagunet Владимир Осечкин, "занонро бидуни ашёи шахсӣ ва васоили беҳдоштӣ бурдаанд". Ба ҷуз ин, бо интиқоли занон боздоштгоҳи мардона пур шуда, ҷойи хоб намондааст. "Дар чанд рӯзи оянда ҳазорон одам имкони хоб рафтан нахоҳанд дошт", - гуфт Осечкин.

Алексей Мелников, котиби масъули Комисияи назоратии ҷамъиятӣ дар навбати худ гуфт, ки занон "шикояте надоранд". Вай ҳамзамон ваъда дод, дар рӯзҳои наздик занони боздоштшуда дубора ба боздоштгоҳи занона оварда хоҳанд шуд.

Ахиран дар боздоштгоҳи занона дар ноҳияи Печатники Маскав сӯхтор рух дод. Ба иттилои расмӣ, касе дар ин оташсӯзӣ зиён надидааст.

XS
SM
MD
LG