Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон ба 1,8 млн шаҳрванд кӯмакпулӣ доданд


Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.
Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Кӯмакпулии давлатӣ дар ҳаҷми 100 доллари ИМА дар Қазоқистон ба бештар аз 1,8 миллион шаҳрванд пардохт шудааст. Дар ин бора мақомоти Қазоқистон рӯзи 28 июл иттилоъ доданд.

"То рӯзи 28 июл аз бештар аз 2,8 миллион шаҳрванд дар бораи дарёфти кӯмакпулӣ дархост ворид шудааст. Ба бештар аз 1,8 миллион қазоқистонӣ кӯмакпулиҳо пардохт шуданд",-омадааст дар изҳороти вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон.

Ҳукумати Қазоқистон гуфт, кӯмакпулиҳои якдафъаинаро дар моҳи июл ба касоне пардохт мекунад, ки дар натиҷаи ҷорӣ шудани карантини такрорӣ аз даромад мондаанд.

Карантине, ки дар Қазоқистон 5 июл эълом шуд, нахуст барои 14 рӯз мадди назар буд. Мақомоти он кишвар баъдтар онро то 2 август тамдид карданд ва ҳамзамон эълом карданд, ки ба бархе аз шаҳрвандон кӯмакпулии давлатӣ пардохт хоҳад шуд.

Вазорати тандурустии Қазоқистон дар як ҷаласаи ҳукуматии Қазоқистон хабар дод, ки эҳтимол дорад, аз 3 август қисме аз корхонаҳо ба фаъолият пардозанд.

XS
SM
MD
LG