Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи зидди Самариддин Раҷабов қатъ шуд


Раёсати умури дохилии ноҳияи Тверскои шаҳри Маскав парвандаи маъмурӣ дар нисбати Самариддин Раҷабов, як ҷавони тоҷики шаҳрванди Русияро қатъ кард. Алексей Прянишников, ҳамоҳангсози барномаи "Правозащиты Открытки" ба «МБХ медиа» гуфт, ки парванда дар бораи нақзи дуюмбораи қоидаҳои чорабиниҳои ҷамъиятӣ, ки баъди эътирозҳои якка дар назди раёсати умури дохилӣ боз шуд, бо сабаби содир нашудани ҷиноят баста гардид. Пранишников гуфт, ки Раҷабов 29 маи соли 2020 дар наздикии макони эътирози Иля Азар боздошт шуд, вале худаш шахсан дар он иштирок накард. Раҷабовро худи ҳамон рӯз бо протоколи вайрон кардани режими карантин ҷавоб доданд ва 3 июн парвандаи нави маъмурӣ боз карда гуфтанд, ки ӯ қоидаи чорабиниҳои ҷамъиятиро вайрон кардааст.

Самариддин Раҷабови 22-сола соли гузашта ним сол аз рӯи иттиҳоми "кӯшиши истифода аз зӯр алайҳи мақомот" дар боздошт буд ва моҳи декабр бо пардохти 100 ҳазор рубл ҷарима озод шуд. Раҷабов иин иттиҳомро рад кардааст. Самариддин Раҷабов яке аз камтарин зодаҳои Тоҷикистон аст, ки дар фаъолиятҳои сиёсии Русия иштирок мекунад.


XS
SM
MD
LG