Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули садамае дар Русия, ки боиси марги 8 нафар шуд, ронандаи тоҷик гумонбар мешавад


22 декабри соли 2019, садамаи автомобилӣ бо ширкати муҳоҷирон дар Волгоград
22 декабри соли 2019, садамаи автомобилӣ бо ширкати муҳоҷирон дар Волгоград

Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи қазияи марги ҳашт нафар, аз ҷумла худи ронанда дар як садамаи автомобилиро шурӯъ кард, ки зоҳиран ронандааш як шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Парванда аз рӯи моддаи “вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси марги ду ва аз он беш одамон гардид” боз шудааст. Ҳодиса дар наздикиҳои шаҳри Волгоград рух дод ва ҷасади ҳама мусофирони мошин дар дохили як канале пайдо шуд. Бар асоси арзёбиҳои пешакӣ, сари чанбари мошини тамғаи Renault Logan марди 28-солаи шаҳрванди Тоҷикистон нишаста буд ва ӯ ба ҳангоми ҳаракат аз рӯи роҳи сангфарш ба канали назди хоҷагии боғдории “Степное-2” сарозер шуд. Дар миёни кушташудаҳо се ноболиғи 10, 11 ва 17-сола ҳам буданд. Сабаби асосии сар задани задама, эҳтимолан, мушкили идораи мошин будааст.

Садамаҳои автомобилӣ дар Русия бо ширкати муҳоҷирон дар гузашта ҳам гоҳо рух додаанд.

XS
SM
MD
LG