Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудиятҳои нав дар кишварҳои ҷаҳон дар робита бо коронавирус


Пули тиллоӣ дар шаҳри Дананги Ветнам

Дар пешорӯи афзоиши ҳодисаҳои нави олудагӣ ба коронавирус мақомот дар Аврупову Осиё маҳдудиятҳои наве ҷорӣ мекунанд. Дар ИМА олудашавии 11 баскетболбоз ва ду мураббии тими Miami Marlins ба коронавирус шурӯи дубораи мавсими бозиҳои навро таҳти хатар қарор дод. Афзоиши ахири олудагиҳо дар Испания Бритониёро водор кард, ки мардуми баргашта аз ин кишварро давоми ду ҳафта ба карантин фиристанд. Баъди ба вирус гирифтор шудани чанд сокини атрофи осоишгоҳи Дананги Ветнам, даҳҳо ҳазор турист берун бурда мешаванд. Дар Ҳонгконг дар як ҷо ҷамъ шудани беш аз ду нафар манъ шудааст. Дар ҳамин ҳол, мутахассисони тиб гуфтанд, ки рӯзи 27 июл даври ниҳоии санҷиши як воксинаи таҷрибавӣ шурӯъ шуд. Барои эълони натиҷаҳои ин озмоиш чандин моҳ лозим мешавад, вале аз ҳоло мақомот мегӯянд, ки санҷише бо иштироки 30 ҳазор амрикоиҳо метавонад хеле муваффақиятомез анҷомад.

XS
SM
MD
LG