Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудиятҳои марбут ба пандемия дар Узбекистон то 15 август тамдид шуд


Фурудгоҳи Тошканд. Мақомот донишҷӯёнро аз хориҷа баргардониданд
Фурудгоҳи Тошканд. Мақомот донишҷӯёнро аз хориҷа баргардониданд

Дар Узбекистон мақомот мӯҳлати карантин ё маҳдудиятҳои иҷтимоиро, ки дуюмбора аз 10 июл ҷорӣ шуданд, то 15 август тамдид карданд. Мақомот дар кишваре бо 32 миллион ҷамъият гуфтанд, ки дар оғози моҳи август Иди Қурбон ҷашн гирифта мешавад ва хатари паҳншавии бештари коронавирус вуҷуд дорад. Комиссиюни давлатӣ гуфт, ки бо сабаби бадтар шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар қарор шуд, ки мӯҳлати маҳдудиятҳо тамдид шавад. Маҳдудиятҳо ба кори нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла, нақлиёти байнишаҳриву минтақавӣ, бозор, фурӯшгоҳҳои молҳои ғайриғизоӣ, боғҳо ва маконҳои тафреҳиву варзишӣ рабт дорад. Тӯю маъракаҳо ҳам дар Узбекистон манъ мебошад. Аксар кормандони сохторҳои давлатӣ кори худро ба таври фосилавӣ идома медиҳанд. Ҷамъомади беш аз се нафар ҳам манъ буда, гаштугузори афроди аз 65-сола боло иҷозат дода намешавад. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ин кишвар шумори олудаҳо ба 20,820 нафар расида, талафоти инсонӣ бар асари коронавирус 117 нафарро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG