Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ: Душанбе бозгашти марзбонҳои русро баррасӣ намекунад


Русия соли 2005 марзбонҳояшро аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон берун кард
Русия соли 2005 марзбонҳояшро аз сарҳади Тоҷикистону Афғонистон берун кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки ин кишвар бозгашти марзбонҳои рус ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намекунад. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ки рӯзи 27 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе ба саволҳои рӯзноманигорон посух медод, дар шарҳи гуфтаҳои муовини вазири хориҷаи Русия Андрей Руденко гуфт:

“Ин масъала дар масоили мавриди баррасии Тоҷикистону Русия қарор надорад” ва афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон ин мавзӯъро баррасӣ намекунад.

Руденко дар мусоҳиба бо ТАСС рӯзи 16 июли имсол гуфт, ки дар сурати аз ҷониби Душанбе садо додани даъват ба бозгашти марзбонҳои Русия, ин кишвар омода аст, ки ба назорати марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардад. Ӯ гуфтааст, ки ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ба хотири пойгоҳи 201-уми низомии Русия ҳифз мешавад, вале аз соли 2009 ба ин сӯ дар ин қаламрав дидбонгоҳҳои марзӣ вуҷуд надорад.

Марзбонҳои Русия соли 2005 назорати марз бо Афғонистонро қатъ карда Тоҷикистонро тарк намуданд

XS
SM
MD
LG