Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи филми маъруфи “Барбодрафта” дар 104-солагӣ даргузашт


Оливия да Ҳавилланд дар филми овозадори "Барбодрафта" нақши Мелани Ҳамилтонро бозӣ кардааст
Оливия да Ҳавилланд дар филми овозадори "Барбодрафта" нақши Мелани Ҳамилтонро бозӣ кардааст

Дар шаҳри Париж ҳунарпешаи маъруфи синамо ва бозигари нақше дар филми овозадори “Барбодрафта” даргузашт. Оливия де Ҳавилланд 104 сол дошт ва барои ҳунараш дар синамо ду дафъа бо ҷоизаи мӯътабари “Оскар” сарафроз шудааст. Оливия де Ҳавилландро аз насли тиллоии ҳунарпешаҳои Ҳолливуд меноманд. Нависанда Лиса Голдберг рӯзи 26 июл гуфт, ки ситораи ҳунар дар хонааш дар Париж бидуни ҳеҷ беморӣ даргузашт.

Калифорния, марти соли 2003
Калифорния, марти соли 2003


Ин ҳунарпеша инчунин соли 1938 дар филми маъруфи амрикоии “Саргузаштҳои Робин Ҳуд” ҳам нақш офарида, барои филми соли 1986 “Анастасия: Асрори Анна” ҷоизаи “Глобуси тиллоӣ” гирифтааст. Де Ҳавилланд дар оилаи ҷопониҳои сокини Инглистон таваллуд шуда, ба ИМА кӯчид ва баъди соли 1953 муқими Париж шуд. Ӯ охирин ҳунарпешаи филми “Барбодрафта” буд, ки то дирӯз дар қайди ҳаёт буд.

XS
SM
MD
LG