Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик эйр" мегӯяд, садҳо мусофирро ройгон ба Тоҷикистон интиқол додааст


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бо парвозҳои чартерӣ садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан ройгон интиқол доданд. Ин дар ҳолест, ки садҳо мусофир аз Тоҷикистон дар Русия банд мондаанд ва аз нархи гарони билетҳо шикоят доранд.

Дилшод Исматуллозода, раиси ширкати "Тоҷик Эйр" рӯзи 27-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар моҳи майи соли ҷорӣ тавассути ҳавопаймоҳои ин ширкат 245 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ба кишвар ройгон интиқол ёфтанд.

"Бо дастури президент рӯзи 25-уми март 28 нафар дар минтақаи нигоҳдории фурудгоҳи Внуково ва 19 май низ 217 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз боздоштгоҳи муваққати Сахарова ба кишвар интиқол дода шуданд. Маблағи ин мусофиронро ҳукумати кишвар пардохт кард",-афзуд Исматуллозода.

Масъулини Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ мегӯянд, ҳамаи шаҳрвандони овардашуда ба карантин фаро гирифта шуда, баъди муайян шудани натиҷаи ташхис, рухсат дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ маълумоте дар ихтиёр дорад, ки дар парвози рейсҳои чартерӣ аз Олмон ва Русия даҳҳо мусофир ройгон ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

Охири моҳи гузашта сафири Тоҷикистон дар Русия гуфта буд, ки қимати билетҳо аз 23 то 24 ҳазор рубли русӣ аст ва дар муқоиса ба нархи пешинаи парвозҳо "чандон гарон нест". Аммо муҳоҷирон мегӯянд, билетҳоро аз 34 то 36 ҳазор рубл харидорӣ карданд.

Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия аз 20-уми март инҷониб қатъ карда шуд ва ин ҳолат буҳрони бесобиқаи нақлиётиро ба вуҷуд овард. Дар ин давра ҳазорон муҳоҷир дар фурудгоҳу марзҳо банд монд. Онҳое ҳам, ки мехостанд ба Тоҷикистон баргарданд назди сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷамъ шуда, аз беадолатӣ, нархи гарони билет ва вуҷуди фасод дар сабтиноми мусофирони парвозҳои чартерӣ нигаронӣ карданд.

Аммо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторӣ мушкилро ба камии парвозҳо ва зиёд будани хоҳишмандони бозгашт бастагӣ дод. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо назардошти пандемия ба арзон кардани билет иқдом накарданд.

Тоҷикистон аз нимаи дувуми моҳи март бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавируси нав парвозҳои байналмилалиро қатъ кард. Ба ин сабаб садҳо шаҳрванди кишвар дар Русияву Туркия, Қазоқистону Ҳиндустон, Олмон ва Дубай дармонданд.

Баъдан ҳукумати Тоҷикистон ба иҷрои нақшаи марҳила ба марҳила овардани онҳо аз хориҷа оғоз кард. То ин дам бо парвозҳои чартерӣ ё ғайринақшавӣ даҳҳо нафарро аз Русияву Ҳиндустону Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Олмону Амрико баргардонданд.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси омори расмии Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз сӯи ду ширкати ҳавопаймоӣ 178 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст. Бо парвозҳои чартерӣ тавассути ду ширкати ватанӣ то 1 июл чор ҳазор шаҳрвандон ба кишвар баргардонида шуданд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG