Бино ба як гузориши Созмони Милали Муттаҳид, бештар аз 6 ҳазор ифротгарои покистонӣ дар Афғонистон паноҳ мебаранд. Дар гузорише, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, омадааст, ки аксари ин ифротгароён аъзои Таҳрики Толибон аст, ки Покистон фаъолияти онро манъ кардааст.
Аъзои ин гуруҳ аксаран низомиён ва мардуми осоишта дар Покистонро ҳадаф мегиранд. Бар асоси гузориш, Таҳрики Толибон бо ҳалқаи гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" дар Покистон иртибот дорад. Баъзе аз аъзои Таҳрики Толибон то кунун ба гуруҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд, ки дар шарқи Афғонистон қароргоҳ дорад.
Ҳукумати Афғонистон ба дархостҳои хабаргузории Асосиэйтед Пресс барои шарҳи ин масъала то кунун посух надодааст. Гузоришро мазкурро теъдоде аз коршиносони Созмони Милал таҳия кардаанд, ки ба таҳқиқи гуруҳҳои террористӣ ва бастани роҳҳои сармоягузории онҳо машғуланд.