Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як нафар, ки худро корманди сафорат муаррифӣ карда, аз корафтодагон пул мегирифт


Назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав.
Назди Сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

Мақомот дар Русия Беҳрӯзҷон Ҷалолов, шаҳрванди 28-солаи тоҷикро боздошт карданд, ки дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русия худро корманди сафорат муаррифӣ карда, аз корафтодагон бо ваъдаи билети ҳавопаймои парвозҳои чартерӣ аз Маскав ба Тоҷикистон пул ситонидааст.

Ҷаполов рӯзи 17-уми июл дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав боздошт шудааст. Дар натиҷа маълум шуд, ки Беҳрӯзҷон Ҷалолов аз зиёд будани шумораи хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистон ва зудбоварии шаҳрвандон сӯистифода карда, бо ваъдаи дастрас кардани билет дар парвозҳои чартерӣ аз 13 нафар пул гирифтааст. Ӯ бо ин мақсад аз ҳар нафар аз 25 то сад ҳазор рубл ситонидааст ва дар маҷмӯъ 490 ҳазор рубл ба даст овардааст.

Кирдори Ҷалолов аз сӯи кормандони бахши амнияти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ошкор шуд. Мақомот ӯро ба мардумфиребӣ ва қаллобӣ айбор намуда, барои чораандешӣ дар нисбаташ ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия супурданд. Назари худи Ҷалолов дар ин робита ҳанӯз дастрас нест.

XS
SM
MD
LG