Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни нави дарёфти шаҳрвандии Русия ба иҷро даромад


Шиносномаи Русия
Шиносномаи Русия

Қонуни нави тақдими шаҳрвандии Русия барои хориҷиҳо 24-уми июл ба иҷро даромад.

Акнун, дарёфти шиносномаи Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави ин кишвар ба сар мебаранд, бори дигар соддатар ва муҳлати баррасии ариза барои қабули шаҳрвандии Русия аз шаш моҳи пешина то ба се моҳ кӯтоҳ карда шуд.

Дар ин бора, Валентина Казакова, як масъули Вазорати корҳои дохилии Русия ба хабаргузориҳо иттилоъ дод.

Ҳамчунин, минбаъд аз онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доштан мехоҳанд, маълумотнома дар бораи даромад ва ё гузоштани амонат дар бонк талаб карда намешавад.

Дар бораи содда кардани тақдими шаҳрвандии Русия ба хориҷиён амри Владимир Путин, президенти Русия содир шуда буд. Амр пас аз 90 рӯз ба иҷро даромад.

Шаҳрвандии Русияро бархе шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти кори беҳтар хуб медонанд, вале бархе мегӯянд, бо вуҷуди дарёфти шаҳрвандӣ дар ин кишвар «бегона» боқӣ хоҳӣ монд. Русияро барои муносибати нохубаш бо миллатҳои дигар интиқод мекунанд. Дар гузашта чанд чеҳраи шинохта, ба мисли Каромат Шарипов, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум ва ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.

Бар асоси он, шаҳрвандони Шӯравии собиқ ва ё кишварҳои пасошӯравӣ минбаъд барои гирифтани шаҳрвандии Русия 5 сол мунтазир намешаванд, тавре ки қонун то ба ҳол талаб мекард. Аммо муҳлати тақдими шаҳрвандӣ ба онҳое, ки дар донишҳгоҳҳои Русия хондаанд, бо шаҳрванди Русия издивоҷ кардаанд ва ё ҳеҷ пайванде бо Русия надоранд, фарқ мекунад.

Бар замми ин, Русия бо ҷалби шаҳрвандони нав мехоҳад, шумори аҳолиашро афзоиш диҳад ва худро аз он чи ки "чоҳи демографӣ" гуфта мешавад, берун кашад. Русия аз нигоҳи ҳудуд калонтарин кишвари дунёст, вале ҳамагӣ 140 миллион аҳолӣ дорад, ки аз назари амниятӣ барояш хавфнок аст.

Миёни Тоҷикистону Русия аз соли 1995 ба ин сӯ шартномаи шаҳрвандии дутарафа вуҷуд дорад. Соли 2017 дар Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи хидмати давлатӣ” ислоҳ ворид карда шуд, ки мувофиқи он афроди соҳиби душаҳрвандӣ наметавонанд дар мақомҳои хидмати давлатӣ кор кунанд. Пештар шахсони соҳиби душаҳрвандӣ наметавонистанд дар ниҳодҳои амниятӣ ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд.

XS
SM
MD
LG