Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти ИМА мегӯянд, Русия ба гуруҳи "Вагнер" дар Либия силоҳ мефиристад


Силоҳбадастони мухолифи ҳукумати аз ҷониби СММ эътирофшуда дар Либия
Силоҳбадастони мухолифи ҳукумати аз ҷониби СММ эътирофшуда дар Либия

Мақомоти амрикоӣ Русияро барои ирсоли силоҳу низомиён ва тақвияти нуфузи низомиаш дар кишвари африқоии Либия муттаҳам мекунанд.

Изҳороти низомиёни амрикоӣ зидди амалкардҳои Русия 24-уми июл пас аз задухурди хунин барои ба даст овардани шаҳри Сирт дар Либия садо дод.

Пентагон бо нашри аксҳое гуфт, ки Русия барои тақвияти ширкати хусусии русии “Вагнер” дар Либия ба онҳо таҷҳизоти низомӣ мефиристад.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳавопаймоҳои низомии борбари Русия ба гуруҳи “Вагнер” дар Либия системаи зиддимушакӣ, мошинҳои боркаш ва зиреҳпуш интиқол медиҳад.

Генерал Грегорий Ҳадфилд, як мақоми низомии амрикоӣ дар изҳороташ гуфтааст, ки зоҳиран ин таҷҳизот ба хотири истифода дар ҷанг ирсол шудаанд.

Мақомоти ИМА мегӯянд, Русия аз гуруҳи “Вагнер” ба хотири нуфузаш дар ин кишвари африқоӣ истифода мекунад.

Русия аз нерӯҳои Халифа Ҳафтар, мухолифи ҳукумати Либия пуштибонӣ мекунад.

Аксари кишварҳои ғарбӣ ҳукумати аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эътирофшуда дар Либияро ҳимоят мекунанд.

XS
SM
MD
LG