Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё нақши Русия дар марги як шаҳрвандашро таҳқиқ мекунад


Дон Стерҷеси 44-сола моҳи июли 2018 чанд рӯз пас аз заҳролудшавӣ бо "Новичок" ҷон бохт
Дон Стерҷеси 44-сола моҳи июли 2018 чанд рӯз пас аз заҳролудшавӣ бо "Новичок" ҷон бохт

Додгоҳи Бритониё нақши ҳукумати Русияро дар марги Дон Стёрҷес таҳқиқ мекунад. Ин шаҳрванди Бритониё дар пайи заҳролудшавӣ аз гази фалаҷкунандаи асаб, дар Солсберӣ ҷон бохтааст. Дар ин бора нашрияи “The Guardian” хабар додааст.

Дон Стёрҷесии 44-сола моҳи июли 2018 чанд рӯз пас аз заҳролудшавӣ бо "Новичок" ҷон бохт. Наздикони Дон Стёрҷес талаб доранд, ки зимни тафтиши ин парванда фармоишгарони заҳролудсозии афсар пешини рус, Сергей Скрипал ва духтараш Юлия, ҷустуҷу ва ошкор шаванд. Қаблан қарор шуда буд, ки дар робита ба ин қазия танҳо ҷосусҳое, ки дар заҳролудсозии Скрипалҳо гунаҳгоранд бозпурсӣ ва таҳқиқ шаванд. Аммо наздикони Стёрҷеси ба ин қарор эътироз карданд.

Тафтишот бар ин бовар аст, ки Стёрҷеси, ва яке аз дӯстони ӯ Чарли Роулӣ, ки низ заҳролуд шуда, вале наҷот ёфт, пас аз истифодаи маводе, ки гази фалаҷкунандаи асаб - “Новичок” доштааст, заҳролуд шуданд. Ин ҳодиса чанд моҳ қабл аз заҳрлудсозии Скрипалҳо рух дод.

Додгоҳ қарор кард, ки дар робита ба ин қазия на танҳо ҷинояти агентҳо, балки паҳлуҳои дигари сӯиқасд ба ҷони Стёрҷес ва нақши эҳтимолии мақомоти Русия дар ин амал бояд таҳқиқ шавад. Наздикони Стёрҷес, мегӯянд, ду ҷосусе, ки бо шиносномаҳои Александра Петрова ва Руслан Боширов ба Бритониё ворид шудаанд, эҳтимолан аз “боло” дастур гирифтаанд. Онҳо дар ин кор даст доштани президенти Русияро ҳам аз эҳтимол дур намедонанд.

Додгоҳ эътироф кард, ки эҳтимол мурофиа дар Бритониё баргузор нашавад, чун маълум нест, ки айбдоршавандаҳо дар куҷо қарор доранд ва имкони ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо амалан вуҷуд надорад.

Мақомоти Бритониё “Петрова” ва "Боширова"-ро дар суиқасд ба ҷони Сергей Скрипал корманди пешини идораи истихбороти Русия, ки баъдан Маскав ӯро ба ҷосусӣ муттаҳам кард ва духтараш Юлия айбдор карданд ва эълон доштанд, ки ин ҷиноят аз ҷониби мақомоти Русия ташкил шудааст.

Русия ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар ҳудуди Бритониё муттаҳам карда шуд. Бритониё як ҳайати калони дипломатҳои Русияро аз кишвараш хориҷ кард. Маскав расман даст доштани худ дар ин суиқасдро рад мекунад.

Гуруҳи тафтишотии Bellingcat ба хулосае омад, ки номҳои аслии Боширова и Петрова – Алексей Чепига ва Александр Мишкин буда, онҳо кормандони хадамоти иктишофии Русия ҳастанд. Ду гумонбар тирамоҳи соли 2018 дар сӯҳбат бо телевизиони русии RT, гуфтанд, ки соҳибкоранд ва ҳамчун сайёҳ ба Солсберӣ рафта буданд. Онҳо ҳамкори бо мақомоти қудратиро рад кардаанд. Пас аз ин сӯҳбат онҳо дигар боре бо хабарнигорон мулоқот накардаанд.

XS
SM
MD
LG