Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп ва Путин аҳдномаи атомӣ ва коронавирусро баррасӣ карданд


Доналд Трамп ва Владимир Путин дар нишасти хабарие дар соли 2018
Доналд Трамп ва Владимир Путин дар нишасти хабарие дар соли 2018

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар бораи аҳдномаи ҳастаӣ ва мубориза ба зидди коронавирус телефонӣ суҳбат кардааст. Гуфтугу аввалин бор баъд аз он аст, ки моҳи гузашта гузоришҳое нашр карданд, ки гӯё Русия барои қатли сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон подош таъйин кардааст.

На Кохи Сафед ва на Кремл дар баёнияҳои расмӣ доир ба ин иддаоҳое, ки таъйид нашудаанд, чизе нагуфтаанд. Дар баёнияҳо омадааст, ки ду раҳбар доир ба Аҳдномаи Манъи манъи густариши мушакҳои миёнапарвози атомӣ ва мубориза бо пандемияи коронавирус суҳбат кардаанд.

Муҳлати эътибори аҳднома, ки намегузорад, ҳарду кишвар аз 1500 мушакӣ бештар дошта бошанд, моҳи феврали соли оянда ба поён мерасад. Амрико мехоҳад, ки Чин ҳам ба ин аҳднома ҳамроҳ шавад, вале Чин ингуна пешниҳодро рад кардааст. Намояндагони Русияву Чин моҳи гузашта дар шаҳри Вена сарнавишти аҳдномаро баррасӣ карданд ва қарор аст, гуфтугуҳо дар бораи он идома ёбад.

XS
SM
MD
LG