Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Аёсуфиё аввалин намози ҷумъа баргузор мешавад


Нусхае аз кошикориҳо дар шифти Оё София
Нусхае аз кошикориҳо дар шифти Оё София

Рӯзи 24 июл қарор аст дар бинои Аёсуфиё – собиқ калисои православӣ ва баъдан осорхонаи таърихие дар Истамбули Туркия аввалин намози ҷумъа баргузор шавад. Ин сохтмон бар хилофи интиқодҳои байналмилалӣ бо як тасмими мақомоти Туркия ахиран ба масҷид табдил дода шуд.

Ин бино дар қарни 6, дар давраи императори Византия Юстиниани 1 ҳамчун калисои масеҳӣ бунёд шуда буд. Қарор аст дар намози ҷумъа президент Раҷаб Таиб Эрдуғон ва дигар мақомоти туркӣ иштирок кунанд.

Гуфта мешавад, ки замони намоз кошикориҳои масеҳӣ бо пардае пӯшида мешаванд. Оё София бори аввал соли 1453 баъди ишғоли Константинопол, ки имрӯз Истамбул ном дорад, аз ҷониби ҳукумати Усмонӣ ба масҷид табдил шуд. Бар асоси як қарори соли 1934-и муассиси Ҷумҳурии Туркия Мустафо Камол Отатурк, мақоми ин масҷид ба як осорхона иваз карда шуд.

Дар феҳристи мероси ҷаҳонии UNESCO ин бино ба унвони як макони таърихии масеҳиёну мусалмонон ёд мешавад. Ин бино яке аз маъруфтарин маконҳои мавриди зиёрати ҷаҳонгардон буда, соли 2019 дар маҷмӯъ 3,7 миллион нафар аз дохили он дидан кардаанд.

XS
SM
MD
LG