Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон беш аз ду баробар кам шуд


Екатеринбург, январи соли 2020. Бисёр муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар соҳаи сохтмон кор мекунанд
Екатеринбург, январи соли 2020. Бисёр муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар соҳаи сохтмон кор мекунанд

Дар нимсолаи аввали соли 2020 шумори муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба хориҷа сафар кардаанд, 57 дарсад кам шудааст. Дар ин бора дар нишасти хабарии рӯзи 23 июл Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар дод. Вазир гуфт, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 129 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кор ба хориҷа сафар карданд ва ин омор назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 170 ҳазор нафар кам мебошад. Гулрӯ Ҷабборзода ин ҳолатро бо пандемияи коронавирус дар кишварҳои мизбони муҳоҷирон ва баста шудани марзҳои кишварҳо рабт дод. Русия макони аслии кору даромади шаҳрвардони Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар солҳои қаблӣ, бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, соле ҳудудан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар дар ҷустуҷӯи кор қарор дошт. Ӯ гуфтааст, дар нимсолаи аввал беш аз 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргаштанд.

Қаблан мақомот аз коҳиши интиқолҳои пулии муҳоҷирон ба Тоҷикистон ҳам хабар доданд. Рӯзи 22 июл мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар шаш моҳи аввали имсол муҳоҷирон ба Тоҷикистон 195 миллион доллар камтар пул интиқол додаанд, ки нисбат ба соли гузашта 14,8 дарсад камтар аст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Бонки миллӣ он рӯз дар нишастӣ матбуотӣ гуфт, дар ин шаш моҳ муҳоҷирони корӣ ба кишвар 999 миллион доллар интиқол доданд. Тоҷикистон яке аз он кишварҳои дунёст, ки иқтисодаш сахт пойбанди пули муҳоҷиронӣ корӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG