Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон посбони собиқи урдугоҳи фошистӣ ба ду соли ҳабс маҳкум шуд


23 июл, додгоҳе дар Ҳамбург. Бруно Дей дар курсии айбдоршавандаҳо чеҳраашро аз аксбардор пинҳон мекунад
23 июл, додгоҳе дар Ҳамбург. Бруно Дей дар курсии айбдоршавандаҳо чеҳраашро аз аксбардор пинҳон мекунад

Дар Олмон додгоҳе як марди 93-соларо, ки дар давраи наврасиаш ба ҳайси посбон дар як қароргоҳи консентратсионии фашистони нозӣ кор кардааст, барои шарикӣ дар куштор ба ду соли шартии зиндон маҳкум шуд. Ҳукми Бруно Дей нӯҳ моҳ баъди шурӯи мурофиа дар як додгоҳи шаҳри Ҳамбург содир шуд. Дей эътироф кард, ки як узви SS буд ва дар манораи дидбонгоҳии қароргоҳи Штуттхоф дар наздикиҳои Дансига, собиқ Гдански Полша кор мекард. Дейро дар 5232 ҳолати куштор гунаҳгор карданд, ки ба шумори мардуми дар ин қароргоҳ кушташуда баробар мебошад. Ин шумор мардум дар солҳои 1944 то 1945 кушта шуданд. Азбаски ҷинояти содиркардаи ин мард ба синни 17-солагиаш рабт дорад, ӯро дар додгоҳи наврасон муҳокима карданд. Ҳомиёнаш аз додгоҳ хостанд, ки ин марди нишаста дар аробачаи маъюбӣ сафед шавад. Дар сухани охирини худ ҳафтаи гузашта Дей аз қурбониҳо узр пурсид, вале таъкид кард, ки маҷбур шуд ба ин кор биравад. Ӯ гуфт, ки “чунин коре дигар набояд такрор шавад”.

XS
SM
MD
LG