Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии санади нави муқобила бо нуфузи Чин дар Сенат


Корхонаи мошинсозии Пекин

Дар пасманзари танишҳои афзоянда дар равобити Вашингтону Пекин, ҷумҳурихоҳҳои Сенати ИМА қонунгузориеро муаррифӣ карданд, ки дар талоши муқовимат бо нуфузи афзояндаи иқтисодиву сиёсии Чин дар саросари ҷаҳон мебошад. Тарҳе бо номи “Таҳкими савдо, иттиҳоди минтақавӣ, технология, ташаббусҳои иқтисодӣ ва геополитикӣ дар робита бо Санади стратегӣ нисбати Чин”, ки рӯзи 22 июл дар Сенат қабул шуд, вокуниш ба даъвати демократҳо аст, ки аз маъмурияти Трамп хостанд зидди нуфузи афзояндаи Чин иқдом кунад. Ин қонунгузорӣ барои муқобила бо амалҳои “тахрибкоронаи” Чин дар бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла дуздии моликияти зеҳнӣ ва сармоягузориҳои давлатӣ равона шудааст; санад ичнунин муқобила бо рақобатҳои технологии Чинро дар ҳамкорӣ бо шарикон дар назар мегирад. Дар давоми чанд даҳсолаи гузашта нуфузи Чин баробар бо иқтисодаш афзуда ин кишварро баъди ИМА ба дуюмин иқтисоди ҷаҳонӣ табдил дод. Пекин тавонистааст бо истифода аз сарваташ дар кишварҳое бо демократияҳои заъифи Осиёи Марказӣ, Балкан, Африқо ва Амрикои Лотинӣ нуфузашро тақвият бахшад. ИМА аз он нигарон аст, ки Чин шеваи худкомаи мудирият ва ҳам назораташро дар миёни дигар кишварҳо тавсеа бахшад ва ба иқтисодҳои озод дар ҷаҳон таъсиргузор шавад.

XS
SM
MD
LG