Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фазопаймои Чин роҳии "Сайёраи Сурх" шуд


Чин нахустин истгоҳи байнисайёравии бидуни сарнишини худро ба Миррих фиристод, ки қарор аст 11-уми феврали соли 2021 ба манзил бирасад. Дар ин бора рӯзи 23-юми июл оҷонсии давлатии "Синҳуа" хабар дод.

Дар хабар омадааст, ки фазопаймои ҳомили дастгоҳи кайҳонӣ рӯзи 23-юми июл аз истгоҳи Вэнчани Чин, ки дар вилояти ҷанубии Ҳайнан ҷойгир аст, парвоз кард. Баъди тахминан 36 дақиқаи канда шудан аз замин ин дастгоҳ ба мадор ворид шуд. Истгоҳи байнисайёравии Tianwen-1 аз як мадоргард ва пойгоҳи фуруди ҳамроҳшуда бо миррихгард дорад.

Чин мегӯяд, ки ҳадафи ин ҳайат омӯзишию таҳқиқотӣ буда, суоли деринаи донишмандон дар заминаи эҳтимоли вуҷуди ҳаёт дар Миррихро мавриди санҷиш қарор дода, имкониятҳои аз ҷониби инсон истифода шудани сайёраро меомӯзад. Агар кори ҳайат муваффақиятомез анҷом шуд, донишмандон имкони омӯхтани атмосфераи ин сайёра, топография, майдони магнитӣ ва дигар хусусиятҳои онро ба даст меоранд. Омӯзиши Миррих як бахши лоиҳаи бузургмиқёси омӯзиши системаи офтобӣ мебошад, ки соли 2017 мақомоти чинӣ дар борааш хабар дода буданд.

Барномаи баландпарвозонаи Чин парвоз ба Моҳ, ирсоли маъмурият ба сайёраи Муштарӣ ва ҳам сохтмони истгоҳи мадории миллиро дар назар мегирад. Tianwen-1 дар ҳафтаи ҷорӣ сеюмин дастгоҳи кайҳонӣ шуд, ки ба Миррих фиристода шуд. Моҳи июл ИМА ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба ин Сайёраи Сурх, ки Миррихро бо чунин ном ҳам ёд мекунанд, дастгоҳҳои худро фиристоданд.

Барномаи кайҳонии Чинро, ки дар солҳои охир босуръат пеш меравад, коршиносони ғарбӣ як намунаи дигари ҷоҳталабиҳои сиёсии Пекин дар қиболи ИМА ва Русия арзёбӣ мекунанд. Рӯзи 23 июл вебсайти https://www.channelnewsasia.com дар шарҳи ин барнома панҷ вижагиро таъкид кард, ки барои шинохти беҳтари ин барнома кӯмак мекунад.

"Пурсишҳо аз биҳишт"

Истгоҳи байнисайёравии бидуни сарнишин Tianwen-1 ном дода шудааст. Ин ибора аз як шеъри маъруфи адиби классикии Чин Сюй Юан гирифта шудааст, ки "Пурсишҳо аз биҳишт" ном дорад. Қарор аст баъди поин шудан дар мадор дастгоҳи бесарнишини таҳқиқотӣ ба омӯзиши қишри Миррих машғул шавад. Тӯли сафар то расидан ба ҳадаф 55 миллион километр роҳ ваё 7 моҳро дар бар мегирад.

Ин навбат бидуни Русия

Ин аввалин бор нест, ки Чин талош мекунад ба Миррих бирасад. Маъмурияти аввал, ки соли 2011 дар шарикӣ бо Русия сурат гирифт, бенатиҷа анҷомид, чун мушкил ин шуд, ки дастгоҳ натавонист киштии кайҳониро ба мадор интиқол бидиҳад. Таҷҳизот қисман вайрон шуд ва баъдтар дубора ба Замин уфтод. Пас аз он нокомӣ, Пекин тасмим гирифт, ки ин навбат мустақилона амал кунад. Чен Лан, як таҳлилгари мустақил дар GoTaikonauts.com гуфт, ки "ҳадафҳои барнома аз кишварҳои дигар фарқ надорад: рушди тавонмандӣ, омӯхтани коинот ... ва ниҳоят, эҷоди нуфузи сиёсӣ ва нуфузи миллӣ".

Мошини шашчарха

Матбуоти чинӣ хабар дод, ки миррихгард 240 кг вазн, шаш чарх ва чор батареяи офтобӣ дошта, қарор аст давоми се моҳ бо таҳқиқу омӯзиши Сайёраи Сурх машғул шавад. Сун Зежоу, муҳандиси санҷишҳои ин мошин гуфт, ки вазифаи он аз омӯзиши қишри сайёраву атмосфераи он, аксгирӣ, сохтани харита ва ҳам омӯзиши эҳтимолияти дар гузашта мавҷуд будани ҳаёт дар Миррих иборат хоҳад шуд.

"Харгӯши нефритӣ"

Чин солҳои 2013 ва 2019 ду миррихгардиомӯзиширо бо номи Jade Rabbit One (“Харгӯши нефритии 1”) ва Jade Rabbit Two (“Харгӯши нефритии 2”) -ро ба Моҳ фиристод. Ин аввалин дастгоҳе буд, ки ба омӯзиши нуқтаҳои дурдасти Моҳ машғул шуд ва Чин нахустин кишваре гардид, ки ба чунин кор даст зад. Ҷонатан МакДовелл, як ситорашинои Маркази Смиссониан дар сӯҳбат бо "Франс Пресс" гуфт, ки таҷрибаи кори миррихгардон дар Моҳ, ки хеле муфид будааст, барои таҳқиқи қишри Миррих ҳам кор меояд, чун тахминан ҳамсон хоҳад буд. Айни замон, ба гуфтаи МакДовелл, масофаи тӯлонии тамос бо дастгоҳ эҳтимоли заъиф кардани муоширатро бештар мекунад.

Сабқати фазоӣ

Чин миллиардҳо долларро ба барномаи кайҳониаш ихтисос дода, талош дорад аз ИМА, Русия ва Аврупо кам наояд. Соли 2003 Чин кишвари сеюме баъди ИМА ва Русия шуд, ки инсонро ба кайҳон фиристод. Дар пайи партоби чандин маҳвора ба кайҳон Чин ниҳоят тавонист низоми навигатсионии худро бо номи Beidou созмон бидиҳад, ки дар рақобат бо GPS-системаи ИМА кор мекунад. Чин дар талоши ин аст, ки даҳ сол баъд бо фиристодани инсон ба Моҳ машғул шавад.

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG