Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Калисо ё кӯдакистон -- додгоҳ ҳукм баровард, баҳс идома дорад


Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд мегӯяд, ду бинои калисои "Сонмин Сунбогим"-ро бо даъвои шаҳрдории Хуҷанд ба кӯдакистон баргардонд. Вале ин созмон қарори додгоҳро қабул надорад ва мегӯяд, ин макон ҳаққи қонуниаш аст.

Сулаймон Қосимзода, раиси Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд гуфт, "Суди иқтисодӣ даъворо дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ ба нафъи ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳал кард. Ҳоло қарори додгоҳ пурра иҷро шуд, биноҳоро гирифта, ба даъвогар доданд".

Ин дар ҳолест, ки биноҳои мавриди баҳс дар маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷандро ҳанӯз ҳам калисои "Сонмин Сунбогим" дар ихтиёр дорад. Рӯзи 20-уми июл онҷо танҳо як посбон бо номи Саид ҳузур дошт. Ӯ гуфт, ки аз моҳи март калисо бинобар пандемияи фарогир баста аст ва пайравонаш барои ибодат ҷамъ намешаванд. Ба гуфтаи ин посбон, касе онҳоро нагуфтааст, ки биноҳоро холӣ кунанд.

Раҳбарони ин созмон гуфтаанд, бо роҳи додгоҳӣ талош доранд, биноҳоро дар ихтиёри худ нигоҳ доранд. Роҳиби ин калисо ва вакили дифои ин созмон ба зангҳои мо посух надоданд. Пайравони созмони "Сонмин Сунбогим" ҳудуди 200 гуфта мешавад. ​

Илёс Икромов, раҳбари маркази ҳуқуқии "Ҳақиқат" дар додгоҳ аз манофеи созмони "Сонмин Сунбогим" ҳимоят мекард. Ӯ соли гузашта дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфта буд, ҳалномаи Додгоҳи иқтисодиро дар бораи бекор намудани қарори раиси шаҳри Хуҷанд ва дар ихтиёри давлати Тоҷикистон гузоштани ҷои калисо, қабул надоранд. Ва бо роҳҳои қонунӣ барои ҳимоят аз моликияти худ талош хоҳанд кард: "Дар дасти мо қарори Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳаст, ки қарори раиси шаҳрро дар бораи ба иҷораи додани замин ба созмони "Сонмин" дуруст медонад".

Ба қавли ӯ, созмони "Сонмин Сунбогим" барои бозсозии ин макон маблағ сарф карда, дар сурати бекор шудани қарор, зарари молӣ хоҳад дид.

Биноҳои ҳоло калисои "Сонмин Сунбогим" то соли соли 1995 кӯдакистони шумораи 39 буд. Соли 1995 онҷо бо қарори ҳукумати Хуҷанд факултаи навтаъсиси тиббии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷой гирифт. Баъди барҳам хӯрдани ин факулта, як қисми он ва қисмате аз дигар кӯдакистони канораш низ дар ихтиёри созмони масеҳии "Сонмин Сунбогим" ва қисми дигараш дар ихтиёри мактаби туркӣ гузошта шуд. Чанд сол пеш мактаби туркиро барҳам дода, ба "Мактаби бачаҳои болаёқат" табдил доданд. Созмони "Сонмин Сунбогим" қисмати худро ба калисо табдил дод.

Ҳоло мақомоти маорифи Хуҷанд мегӯянд, дар ҷойи калисо дубора кӯдакистон фаъол мешавад.

Баҳси "Сонмин Сунбогим", ки аз он маркази миссионерӣ ном бурда мешавад, бо мақомоти Хуҷанд зоҳиран моҷарои молӣ ба назар мерасад.

Вале ҳабси роҳиби ин созмон Баҳром Холматов ба 3 соли зиндон дар соли 2017 бо ҷурми "барангехтани кинаву адовати динӣ", баҳсҳоеро ҳам ба дунбол дошт. Бархе афроди наздик ба созмон бар онанд, ки мақомот бо ин роҳ талош доранд ин созмони таблиғгари диниро аз ҷои пой маҳрум ва фаъолияташро маҳдуд кунанд.

Бархе дигар қазияро ба таври дигар шарҳ медиҳанд ва мегӯянд, мақомот имрӯз барои ба асли худ баргардонидани кӯдакистонҳо талош доранд. Дар солҳои 90-уми асри гузашта бархе муассисаҳои иҷтимоӣ, ба хусус кӯдакистонҳоро афроди мансабдор ва сармоядор аз худ карданд. Дар ҳоли ҳозир кӯдакистонҳо ба андозаи кофӣ вуҷуд надоранд ва мақомот талош доранд муассисаҳои қаблан фурӯхтаашонро ба ихтиёри давлат баргардонанд.

Калисои "Сонмин Сунбогим" аз солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон ҳузур дорад ва то замони қабули қонуни нави дин дар соли 2009, бештар ба ҳайси созмони миссионерӣ фаъолият дошт. Маркази байналмилалии "Сонмин Сунбогим" дар Сеул бо номи "Йоидо Сунбогим" фаъолият мебарад. Соли 1992 таҳти ин ном намояндагии ин марказ дар шаҳри Ваҳдат ва соле баъд дар Душанбе бо номи "Грейс Сонмин" боз гардид.

Соли 1994 шаҳрванди он вақт 60-солаи Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷон Бун намояндагии маркази ин созмони масеҳӣ дар Хуҷандро ифтитоҳ кард. Хонум Бун соли 2000 дар шаҳри Бӯстон (Чкалови собиқ) Маркази хусусии тиббӣ таъсис дод ва соҳибмулки мактаби хусусии "Файз" ва меҳмонхонаи "Херсон" дар Хуҷанд аст, ки ҳоло низ фаъоланд.

Мақомоти тоҷик ин раҳбари маркази "Сонмин Сунбогим" дар Хуҷандро ду бор ба иттиҳомоти "сӯистифода аз ному вазифа", "тақаллуби асноди расмӣ" ва "додани пора ба корманди мақомоти ҳукуматӣ", ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. Ба қавли мақомот, қаблан дар муассисаҳои раҳбари созмони мазкур дар масъалаи андоз қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Моҳи январи соли 2014 КДАМ-и Тоҷикистон иттилое пахш кард, ки Ли Ҷон Бун ҷиҳати рӯйпӯш кардани камбудиҳои корхонааш вақти додани пора ба як корманди раёсати ин ниҳод дар вилояти Суғд ба маблағи 20 ҳазор доллар аз сӯи кормандони раёсати амният ва додситонии Хуҷанд боздошт гардид.

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG