Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш миёни Пекин ва Вашингтон пас аз дастури бастани шудани консулгарии Чин дар Ҳюстон


Консулгарии Чин дар шаҳри Ҳюстони Амрико.
Консулгарии Чин дар шаҳри Ҳюстони Амрико.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА гуфт, "ҳамеша имкон дорад" дастури бастани консулгариҳои бештари Чин дар Амрикоро бидиҳад. Ин суханони Трамп пас аз он садо дод, ки Вазорати умури хориҷии Амрико ба консулгарии Чин дар шаҳри Ҳюстони иёлати Техас дастур дод, ки давоми 72 соат фаъолияти худро қатъ кунад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико аз тасмими баста шудани консулгарии Чин дар Ҳюстон ҳимоят кардааст. Ӯ рӯзи чаҳоршанбеи 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ дар Копенгаген гуфт, ки ҳукумати Амрико барои "муҳофизат аз манфиатҳои худ" иқдомоти заруриро анҷом хоҳад дод.​

Вазорати умури хориҷии Чин ҳам гуфт, Амрико дастур додааст, ки консулгарии ин кишвар дар шаҳри Ҳюстони иёлати Техаси Амрико баста шавад ва инро як иқдоми "таҳрикомез" ва "нақзи қонунҳо"-и байналмилалӣ донист. Ванг Венбин, сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин рӯзи чаҳоршанбеи 22-юми июл гуфт, Амрико рӯзи гузашта ба таври ногаҳонӣ эълом кард, ки ҳама фаъолиятҳои консулгарӣ бояд мутаваққиф шавад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин дар як нишасти хабарӣ гуфт, барои кишвараш як рӯз пеш гуфта шуд, ки консулгариашро дар Ҳюстон давоми 72 соат бояд бибандад. Ӯ гуфт, Чин қотеъона "ин иқдоми тавҳиномез ва ғайри қобили фаҳмро, ки метавонад ба робитаҳои ду кишвар латма бизанад", маҳкум мекунад. Ванг Венбин аз Вашингтон хостааст, ки фавран аз ин тасмими ба гуфтаи ӯ "иштибоҳ" ақибнишинӣ кунад, дар ғайри он Чин ҳатман посухи муносиб ва лозим ба он хоҳад дод.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як мақоми огоҳ хабар додааст, ки Чин дар ҳоли баррасии бастани консулгарии Амрико дар шаҳри Вуҳан аст. Ба ҷуз сафорат дар Пекин, Амрико панҷ консулгарӣ дар Чин ва яке дар Ҳонгконг дорад. Таҳлилгарон ҳам мегӯянд, ки имкон дорад Чин ба бастани яке аз консулгариҳои Амрико дар ин кишвар иқдом кунад.

Дар ҳамин ҳол, Моргар Ортагус, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, ки ҳамроҳ бо Майк Помпео дар сафари аврупоӣ ба сар мебарад, гуфтааст, ки ҳифозат аз "дороиҳои маънавӣ ва маълумоти хусусӣ"-и шаҳрвандони амрикоӣ сабаби баста шудани консулгарии Чин дар Ҳюстон будааст. Ба гуфта ӯ, кишварҳо бар асоси Конвенсияи Вена "ҳаққи дахолат дар умури дохилӣ"-и кишвари мизбонро надоранд.

Хонум Ортагус дар идома гуфтааст, ки Амрико "нақзи ҳокимият, таҳдиди шаҳрвандон, дуздидани шуғли амрикоиҳо ва дигар амалҳои фоҳиш" аз сӯи Чинро таҳаммул нахоҳад кард. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико ҷузъиёти бештар дар ин бора ироа накард.

Робитаи Амрико ва Чин дар давраи раҳбарии Доналд Трамп пуртаништар аз даврони гузашта шудааст. Сар задани пандемияи коронавирус аз Вуҳани Чин ва пеш аз он ҷорӣ кардани молиёти гумрукӣ бар колоҳои тиҷоратии ҳамдигар, ва низ вазъи ҳуқуқи башар дар Ҳонгконг, таниш миёни ин ду кишварро бештар кардааст. Вашингтон ҳамчунин Чинро ба нақзи ҳуқуқи ӯйғурҳои мусалмон дар минтақаи Шинҷон муттаҳам мекунад. Чин ҳамвора иттиҳоми нақзи ҳуқуқи ӯйғурҳоро радд кардааст.

XS
SM
MD
LG