Шаман ё роҳиби буддоӣ Александр Габишев, ки гуфтааст, ба Маскав барои рондани президент Владимир Путин меравад, аз беморхонаи амрози рӯҳӣ озод шуд. Дар ин бора як фаъоли ҳуқуқи инсон Алексей Прянишников хабар дод. Рӯзи 21 июл бо дархости ҷониби ҳимояткунанда як санҷиши равонпизишкӣ анҷом шуд ва рӯзи баъдаш комиссиюни тиббӣ қарор кард, ки барои зӯран дар беморхона нигаҳ доштани Габишев зарурат вуҷуд надорад.
Прянишников гуфт, ки “талошҳои матбуот ва ҷомеа натиҷа дод ва Габишев озод шуд. Бидуни ин ҳама дастгириҳои ҷамъиятӣ табобати ӯ метавонист беохир идома ёбад, чунки дар қарори додгоҳ ҳам гуфта нашудааст, ки мӯҳлати муолиҷа то кай идома мекунад”. Қарори муолиҷаи маҷбурии Габишевро додгоҳ рӯзи 2 июн содир кард, дар ҳоле, ки худи рӯҳонӣ аз миёнаҳои моҳи май дар беморхона қарор дошт. Охири моҳи май як санҷиши тиббӣ Александр Габишевро барои худ ва ҷомеа “хатарнок” номид. Пеш аз он Габишев дар аризае ба номи сардухтури беморхона гуфт, ки аз идомаи бистарӣ шуданаш даст мекашад.
Дар қарори додгоҳ мӯҳлати табобати маҷбурӣ зикр нашуд ва танҳо дар санади оид ба вазъи сиҳҳатии ӯ гуфта шуд, ки ин нафар “мушкилоти марбут ба шинохти ҳуввият” дорад ва “ба сарнагунии ҳукумати интихобшудаи қонунӣ даъват мекард”.
Габишев моҳи марти соли 2019, баъди он ки гуфт, ба Маскав барои анҷоми маросими “рондани Путин” меравад, боздошт шуд. Ӯро сентябри он сол дар марзи вилоятҳои Бурятияву Иркутск боздошт карданд. Ӯро ба Ёқутск интиқол ва дар беморхонаи амрози рӯҳӣ ҷой доданд. Дар нисбати ӯ аз рӯи моддаи “даъват ба ифротгароӣ” парвандаи ҷиноӣ боз карданд ва тафтиши равонпизишкӣ ӯро “берун аз ақл” номид. Маркази ҳомии ҳуқуқи инсон “Мемориал” Габишевро як зиндонии сиёсӣ номидааст. Фаъолон мегӯянд, ки ин рӯҳонӣ ба хотири мавзеъгирии сиёсиву диниаш мавриди таъқиби ҷиноӣ қарор мегирад.