Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео дар Дания дар бораи сохтмони лӯлаи гази русӣ сӯҳбат мекунад


Рӯзи 22 июл дар Копенҳаген котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо нахуствазири Дания Метте Фредериксен дидору гуфтугӯ хоҳад кард
Рӯзи 22 июл дар Копенҳаген котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо нахуствазири Дания Метте Фредериксен дидору гуфтугӯ хоҳад кард

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео қарор аст рӯзи 22 июл дар Копенҳаген дар мулоқот бо нахуствазир Метте Фредериксен тарҳи бунёди лӯлаи гази “Северный поток-2”-ро баррасӣ кунад. Ин лӯла, ки Русия месозад, аз бистари иқтисодии обҳои Дания ҳам мегузарад. Помпео ҳафтаи гузашта ба ширкатҳо таъкид намуд, ки ба Русия дар сохтмони ин тарҳ ёрӣ накунанд. ИМА мегӯяд, ки ин тарҳ нуфузи энержии Русияро дар Аврупо тақвият мебахшад ва бар зарари Украина аст, ки дар шарқ бо ҷудоиталабони рӯ ба Русия даргир аст, аз ҳамин хотир Вашингтон мухолифи сохта шудани он мебошад. Баъди он ки ИМА таҳримҳо ҷорӣ кард, аврупоиҳо моҳи декабр корҳои сохтмони лӯлаи газро боздоштанд. Русия ҳоло дар талоши ин аст, ки сохтмони лӯларо бо истифода аз киштиҳои худ анҷом диҳад. Ин ҳолат боиси он шуд, ки ИМА тарҳи таҳримҳои нав нисбати ширкатҳои ҳамкори Русия дар ин тарҳро таҳия кунад. Қонун рӯзи 20-уми июл мавриди қабули Маҷлиси намояндагони ИМА шуд ва ҳоло бояд мувофиқати Сенат ва президентро дарёфт кунад.

XS
SM
MD
LG