Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров гуфт, барои узвияти комилҳуқуқи Эрон дар СҲШ монеае намебинад


Нахустин мулоқоти вазирони хориҷаи Русия ва Эрон дар пасманзари пандемияи коронавирус дар Маскав. 21 июл
Нахустин мулоқоти вазирони хориҷаи Русия ва Эрон дар пасманзари пандемияи коронавирус дар Маскав. 21 июл

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар ҳоле, ки дар канори ҳамтои эрониаш Ҷавод Зариф сӯҳбат мекард, гуфт, «Эрон ба тамоми талаботи узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҷавобгӯ аст ва ин мақом бар асоси мувофиқа ё консенсус тақдим мешавад». Ҷавод Зариф рӯзи 21 июл дар Маскав бо як сафари корӣ буд. Лавров гуфт, «мо ҳеҷ монеае дар заминаи узвияти комилҳуқуқи Эрон намебинем. Назари мо ин аст, ки Эрон ба ҳамаи ин талабот ҷавобгӯ аст. Русия аз оғоз аризаи Эронро фаъолона дастгирӣ кардааст. Барои ризоияти тарафҳо бояд ҳама мувофиқат кунанд ва мо сари ин масъала кор мебарем».

СҲШ моҳи июни соли 2001 аз ҷониби шаш давлат – Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шуда, соли 2017 Ҳинду Покистон ба узвияти он шомил шуданд. Аризаи Эрон барои узвият дар ин созмон ҳанӯз соли 2008 ирсол шудааст.

Маълум нест, ки мавқеи Тоҷикистон, ки дар гузашта ба узвияти Эрон дар СҲШ мухолифат кардааст, ба изҳороти нави Лавров чӣ аст. Дар солҳои охир равобити замоне наздики Тоҷикистон ва Эрон дар робита бо даъвои атрофи пулҳои гӯё дар Тоҷикистон нопадидшудаи соҳибкори зиндонӣ Бобаки Занҷонӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бад шуд. Душанбе Теҳронро дар пуштибонӣ аз ин ҳизб ва қатлҳои чеҳраҳои саршинос дар солҳои 1990-оғози 2000-ум айбдор кард. Теҳрон агарчи ба таври мустақим ба ин иттиҳомот посух надодааст, соли 2019 президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, ки “робитаҳои Эрон ва Тоҷикистон бояд дар ростои манофеи ду миллат умқ ёбад ва бояд аз фарҳанги муштарак байни ду миллат ба унвони пояе барои тавсеа баҳра бурд”.

XS
SM
MD
LG