Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи дин гуфт, 49 корманди ин сохтор гирифтори бемории ҳамагир шуданд


Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин.

Аз оғози хуруҷи пандемияи COVID-19, дар Тоҷикистон 49 корманди сохторҳои танзими фаъолиятҳои мазҳабӣ ва худи масъулони динӣ гирифтори ин бемории ҳамагир шудаанд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи корҳои дин ва танзими маросим дар Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 22-уми июл гуфт, ки "мутаассифона, 2-уми июни соли ҷорӣ як ходими расмии дин дар ноҳияи Ашт аз бемории илтиҳоби шуш фавтид".

Ӯ дар идома гуфт, ки "як корманди ин кумита, як корманди Маркази исломии Тоҷикистон, шаш нафар мудирони бахшҳои кумита дар маҳалҳо, нӯҳ нафар сармутахассисон ва 27 нафар ходимони расмии дин гирифтори ин беморӣ шудаанд. Хушбахтона, ҳамаи онҳо табобат шуда, феълан чаҳор нафар гирифтори ин беморӣ ҳастанд".

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл хабар дод, ки дар кишвар 46 мавриди нави сирояти бемории COVID-19 -ро ошкор кардаанд ва дар умум дар кишвар 6967 кас ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Дар баёнияи расмии вазорат омадааст, ки аз ҳисоби беморон 5683 нафар, ё 81.5 дар сади онҳо шифо ёфтаанд. Коронавируси нав ба гуфтаи вазорат, то кунун ҷони 57 нафарро гирифтааст.

Мутахассисон мегӯянд, ҳарчанд суръати сирояти беморӣ дар Тоҷикистон суст шуда бошад ҳам, вале омори расмӣ баёнгари воқеият нест ва шумораи гирифторону талафот ба маротиб бештар аз он аст, ки мақомот эълон мекунанд.

Мақомоти расмӣ то рӯзи 30-уми апрел мегуфтанд, ки Тоҷикистон кишвари орӣ аз коронавируси нав аст, вале як рӯз пеш аз омадани ҳайати мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Душанбе гуфтанд, ки 15 мавриди сирояти бемориро ошкор карданд.

То он рӯз мақомот мегуфтанд, даҳҳо нафаре, ки ба шифохонаҳо бо аломатҳои шабеҳи СOVID-19 муроҷиат мекарданд, гирифтори "илтиҳоби шуш" буданд, беморие, ки ҳам раиси порлумони Тоҷикистон ва ҳам додситони кулл ба он гирифтор шуданду шифо ёфтанд.

XS
SM
MD
LG