Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико раҳбари Чеченистонро барои нақзи ҳуқуқи башар таҳрим кард


Рамзан Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии худмухтори Чеченистон.
Рамзан Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии худмухтори Чеченистон.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи душанбеи 20-уми июл Рамзан Қодиров, раҳбари Ҷумҳурии худмухтори Чеченистонро барои нақзи ҳуқуқи башар, аз ҷумла шиканҷа, таҳрим намуд ва сафари ӯ ба Амрикоро манъ кард.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Майк Помпео, Вазири умури хориҷии Амрико дар баёнияе гуфт, Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон ва аз муттаҳидони Владимир Путин, аз паҳншавии коронавирус ҳамчун баҳонае барои нақзи ҳуқуқи башар дар ин ҷумҳурии худмухтор истифода мекунад.

Оқои Помпео афзуд, "Вазорати хориҷӣ маълумоти муфассал ва муътабаре дорад, ки собит мекунад Қодиров масъули нақзи шадиди ҳуқуқи башар, аз ҷумла шиканҷа ва қатлҳои худсарона ва ғайриқонунӣ аст".

Рамзан Қодиров рӯзи душанбе бо нашри аксе бо чеҳраи хандон дар саҳифаи "Телеграм"-и худ навишт, "Помпео, муборизаро мепазирем, ин ҷолиб хоҳад буд".

Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия дар вокуниш ба таҳрими Қодиров дар Фейсбук навишт, "ҷуброни ин иқдом душвор хоҳад буд, вале як фикре хоҳем кард".

Тибқи ин таҳрим, ҳамсар ва духтарони Рамзан Қодиров низ иҷозаи сафар ба Амрико нахоҳанд дошт.

Ҳукумати Амрико дар гузашта низ оқои Қодировро тибқи қонуни "Магнитский" дар феҳристи сиёҳ қарор дода буд. Ин қонун, ки дар соли 2012 қабул шуд, сафари мақомоти Русияро, ки дар қатли Сергей Магнитский дахолат доштанд, мамнуъ кард.

Рамзан Қодиров пас аз поёни ду ҷанги хунин байни нерӯҳои Русия ва ҷудоиталабон ва исломгароён, дар соли 2007 раҳбари Чеченистон шуд.

Ҳукумати Русия иддао мекунад, ки Рамзан Қодиров дар саркӯби исломгароёни мухолифи ҳукумат ва тундрав дар ин минтақа нақши муҳими ифо кардааст. Вале ҳомиёни ҳуқуқи башар ӯро масъули саркӯбҳои густурда ва нақзи шадиди ҳуқуқи башар медонанд.

XS
SM
MD
LG