Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди ҷаласаи сарони Аврупо баъди музокироти бенатиҷа бар сари ёрии давраи пандемия


Брюссел, 20 июл. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар роҳ ба ҷаласа

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо баъди се рӯзи бенатиҷаи тасдиқи буҷаву барномаи ёрии иқтисодии давраи коронавирус ҷаласаи худро рӯзи 20 июл ҳам идома медиҳанд. Ин ҳамоиш қарор буд ду рӯз идома кунад, вале дар талоши даст ёфтан ба созиш рӯзи 19 июл қарор шуд маҷлис як рӯзи дигар тамдид шавад. Баҳсу баррасиҳо бисёр доғ гузашт ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба раҳбарони Австрия ва Ҳолланд таҳдид кард, ки ҷаласаро тарк мекунад. Шарл Мишел, раиси маҷлис ба раҳбарони 27 кишвари аврупоӣ гуфт, ки то ҳол дар саросари ҷаҳон беш аз 600 ҳазор нафар бар асари коронавирус ҷон додаанд ва ҳоло онҳо вазифадор ҳастанд, ки муттаҳид бошанд. Президенти Шӯрои Аврупо гуфт, “умеди ман ин аст, ки мо ба созиш даст меёбем ва дар сархати хабарҳо фардо менависанд, ки Иттиҳоди Аврупо кори иҷронашавандаро ба субут расонид”. Баҳси асосӣ атрофи ҳаҷми маблағҳо барои бурунрафт аз бӯҳрон аст, ки 750 миллиард евро пешниҳод шудааст. Мухолифи ин пешниҳод Ҳолланд, Шведсия, Австрия, Дания ва Финляндия мебошанд, ки хостори ихтисоси пули камтар барои раҳоӣ аз бӯҳронанд. Инчунин дар ин ҷаласа раҳбарони аврупоӣ талош доранд, ки буҷаи ИА-ро барои солҳои 2021-27 дар ҳаҷми беш аз 1 триллион доллар муқаррар кунанд.

XS
SM
MD
LG