Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон маҳкумшудаеро қатл кард, ки гӯё дар бораи Сулаймонӣ ба ИМА иттилоъ додааст


Маҳмуд Мусавӣ-Маҷд рӯзи 20 июл ба қатл расид
Маҳмуд Мусавӣ-Маҷд рӯзи 20 июл ба қатл расид

Низоми додгустарии Эрон гуфт, ки ҳукми марги мардеро иҷро карданд, ки ба ИМА ва Исроил дар бораи фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) иттилоъ дод ва бар асоси ин Қосими Сулаймонӣ иттилоъ кушта шуд. Сомонаи “Мизон” рӯзи 20 июл гуфт, ки “ҳукми қатли Маҳмуд Мусавӣ-Маҷд субҳи рӯзи душанбе ба ҷо оварда шуд. Ин шахс барои ҷосусӣ, ки боиси хиёнат ба кишвараш шудааст, ба қатл расид”. Моҳи июн мақомоти эронӣ гуфтанд, ки Мусавӣ-Маҷд иттилоъ дар бораи макони будубоши Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои Қудси СПИИ-ро ба ИМА ва Исроил дод ва бо истифода аз ин маълумот моҳи январ фармондеҳ Сулаймонӣ дар наздикиҳои Бағдод ҳадафи мушаки ҳавопаймои бесарнишин ё дрони амрикоӣ қарор гирифт.

Низоми додгустарии Эрон моҳи июн гуфта буд, ки ҳукми қатли Мусавӣ-Маҷд ба зудӣ иҷро хоҳад шуд.

Эрон дар посух ба куштори Сулаймонӣ як партоби мушаки баллистикиро анҷом дод, ки дар натиҷаи он 110 сарбози амрикоӣ ҷароҳат бардоштанд. Чанд соат баъди ин, эрониҳо тасодуфан як ҳавопаймои украиниро, ки аз фурудгоҳи Теҳрон баланд шуд, асобат карданд ва дар натиҷа, 176 сарнишини ҳавопаймо кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG