Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имороти Муттаҳидаи Араб ба Миррих фазопаймо фиристод


Имороти Муттаҳидаи Араб киштии кайҳонии худро бо муваффақият ба фазо фиристод. Ин фазопаймо, ки "Умед" (ба арабӣ "Ал-Амал) ном дорад, сафари худро ба сайёраи Миррих оғоз кардааст. Ин киштии кайҳонӣ ба ҳашт фазопаймои дигар мепайвандад, ки ё дар гирди сайёраи Миррих чарх мезананд ё рӯи он фуруд меоянд.

"Умед" соати ҳафти субҳ ба вақти Ҷопон аз маркази фазоии Танегашима ба Миррих фиристода шуд. Дар ҳоле, ки лаҳзаҳои партоби фазопаймо дар Имороти Муттаҳидаи Араб нимаи шаб буд, аммо ҳазорон нафар ин муваффақияти кишварашонро ҷашн гирифтанд.

Мушаки H-IIA-и Ҷопон, ки ин фазопаймои бесарнишини иморотӣ бар он пайваст буд, рӯзи якшанбе барои партоб омода шуда буд. Ин фазопаймо қарор буд рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта партоб мешуд, аммо бинобар вазъи номусоиди ҳаво, ба таъхир афтод.

Маркази фармондеҳии фазоии "Муҳаммад бин Рошид" дар Имороти Муттаҳидаи Араб фазопаймои "Умед"-ро мудирият хоҳад кард. Ҳудуди 450 мутахассис, ки бештар аз нисфи онҳо иморотӣ ҳастанд, дар ин марказ кор мекунанд.

Соро Ал-Амирӣ, муовини раҳбари ин маъмурият ба шабакаи телевизионии Дубай гуфтааст, "ончӣ шоҳид ҳастем, ояндаи Имороти Муттаҳидаи Араб аст". Хонум Амирӣ афзудааст, "мо ҳоло мунтазири ҷудо шудани фазопаймо ва фиристодани нахустин сигналҳо ҳастем".

Тарроҳӣ, сохт ва дар ниҳоят партоби фазопаймои шаш сол идома кард ва дар ин амр марказҳои илмӣ ва фазоии Амрико ба Иморот кӯмак кардаанд.

Амрико ва Чин аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки талошҳояшонро барои кашфи бештари Миррих анҷом медиҳанд ва ҳар ду кишвар низ тарҳҳои алоҳидаро барои таҳқиқоти сайёраи Миррих дар пеш гирифтаанд.

Интизор меравад, фазопаймои "Умед" дар моҳи феврали соли 2021 ба Миррих бирасад. Дар ин моҳ қарор аст Имороти Муттаҳидаи Араб 50-уми солгарди таъсиси худро ҷашн бигирад.

XS
SM
MD
LG