Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макони Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳифз ва нақшаи мусобиқот тасдиқ шуд


Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Токио-2020 дар Анҷумани 136-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) эълон кард ҳамаи иншоот, ки барои баргузории Бозиҳои олимпӣ дар соли 2020 пешбинӣ шуда буд, барои соли оянда ҳифз гардида, инчунин нақшаи баргузории мусобиқот тасдиқ шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса барои ташкилкунандагон як қадами муҳим аст: то оғози Бозиҳои олимпии батаъхирафтодаи Токио-2020, ки 23 июли соли 2021 оғоз меёбад, як сол боқӣ мондааст. Дар доираи идомаи омодагиҳо ин тасмим пешравии бузург аст.

Раиси Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии Токио-2020 Йоширо Мори ва мудири кулли ин кумита Тоширо Муто дар Анҷумани КБО тасдиқ карданд, ки ҳамаи 43 макон барои баргузории мусобиқаҳо, шаҳраки олимпӣ, Маркази байналмилалии пахши телевизонӣ ва Маркази матбуот барои Бозиҳои олимпӣ дар соли 2021 истифода хоҳанд шуд. Ҳамчунин эълон карданд, ки тақвими мусобиқаҳо ҳамон тавре ки буд, мемонад, бо баъзе тағйироти ҷузъӣ.

“Шаҳраки олимпӣ - дили Бозиҳои олимпӣ, ҷои баргузории мусобиқот – рӯҳ аст. Ман хушҳолам, ки шаҳрак ва иншоот барои соли оянда ҳифз карда шуданд. Варзишгарон аз тамоми ҷаҳон дар шаҳраки олимпӣ зери як сақф зиста, якҷо хӯрок мехӯранд, якҷо ҷашн мегиранд, муҳокима мекунанд ва ҷомеи беназири олимпиро ташаккул медиҳанд. Токио-2020 барои расидан ба ин ҳадаф кӯшиш кард ва ба вазъияти фавқулодда нигоҳ накарда нақшаи мусобиқотро тасдиқ намуд, ки шаҳодати фаъолияти босамари кумитаи муттаҳидаи идоракунанда бо роҳбарии Ҷон Коутс ва Йоширо Морӣ мебошад”, - иброз намуд президенти КБО Томас Бах.

Ӯ дар идома гуфт, ки то Бозиҳои олимпӣ як сол боқӣ мондааст ва дар пеш моро вазифаи бузург интизор аст. “Ҳамроҳ бо шарикони ҷопонӣ ва дигар дӯстон мо розием, ки банақшагирии Бозиҳои олимпӣ дар Токио тибқи талаботи буҳрони ҷаҳонӣ сурат гирад ва дар баробари ин рӯҳ ва идеяҳои ҷолиб, ки мақсади моро ифода мекунад, ҳифз карда шавад. Мо сари амалиёт ва хизматрасониҳое, ки ба варзиш ва варзишгарон зарар нарасонанд, кор карда истодаем. Бо ин тартиб, мо метавонем ҳамроҳ бо Кумитаи тадорукот бозиҳои батаъхирафтодаи олимпии Токио-2020-ро ба ҷашни ягонагӣ, ҳамбастагии инсонҳо ва рамзи эътимод ва умед ба ояндаи нек табдил диҳем. Нишон диҳем, ки мо дар якҷоягӣ қувваи бузургем”, - иброз дошт Бах.

Йоширо Мори гуфт, замоне ки варзишгарони ҷаҳон аз ин нақби дарозу торик берун мешаванд, то дар бозиҳо ҷамъ оянд, ҳолати хушнудии беарзиш хоҳад буд. Вай афзуд, "мо дар оянда низ тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, то Бозиҳои олимпии Токио пас аз буҳрони бемории COVID-19 рамзи иттиҳод ва ҳамбастагӣ бошад. Санаи 23-юми июл, як сол қабл аз бозиҳо, мо дар нақша дорем, ки ба варзишгарон паёми ҳамдилӣ, умед ва далерӣ фиристем, то онҳо тавонанд Бозиҳои олимпии соли ояндаро бинанд”.

Анҷумани КБО, инчунин, дар бораи дастовардҳои комиссияи ҳамоҳангсозӣ доир ба содда гардонидани Бозиҳо маълумот гирифт. Комиссия баррасии имкониятҳоро барои муносибсозӣ ва ба тартиб даровардани миқёс ва хизматрасонии Бозиҳо идома медиҳад.

Зимнан, варзишгарони тоҷик феълан ба мусобиқоти интихобии олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли оянда дар Токио омодагӣ мебинанд. Ёдовар мешавем, то ҳоло аз Тоҷикистон ду варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев – дар риштаи бокс ба Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки ба соли оянда мавқуф гузошта шуд, роҳхат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG