Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Эрон ҳукми қатли се ҷавонро боздошт


Аз чап ба рост: Амир Ҳусейн Муродӣ, Муҳаммад Раҷабӣ, Саид Тамҷидӣ.

Додгоҳи Эрон амр додааст, ки ҳукми қатли се ҷавони муттаҳам ба барангехтани тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар моҳи ноябр иҷро нашавад. Бобак Покниё, вакили дифои яке аз ин ҷавонон рӯзи 19-уми июл дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки додгоҳи болоӣ амр додааст, муҳокимаи ҳарсе нафар аз нав сурат бигирад. Дастур барои муҳокимаи такрорӣ баъд аз он содир шуд, ки мардуми зиёде бо раҳандозии як маърака дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот хостанд, ин ҷавононро қатл накунанд.

Дар ин маърака зери номи “Эъдом накунед”, эрониёни зиёде, аз ҷумла сиёсатмадорону зиёиён ва ҳунарпешагони маъруф ширкат карданд. Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, дар Эрон соли 2019 ҳукми қатли 251 нафарро иҷро кардаанд ва Ҷумҳурии Исломӣ пас аз Чин аз назари иҷрои ҳукми қатл дар ҷаҳон мақоми дуввумро дорад.

Маърака баъди рӯзи 14-уми июл ба роҳ андохта шуд, чун дар ин рӯз додгоҳе дар Эрон ҳукми қатли Амир Ҳусейн Муродии 25-сола, Саид Тамҷиди 27-сола ва Муҳаммад Раҷабии 25-соларо бетағйир гузошт. Ҳарсеро моҳи ноябри соли 2019 ҳангоми саркӯби бераҳмонаи тазоҳургароне дастгир карданд, ки дар шаҳрҳои гуногуни Эрон ба майдонҳо рехтанд.

XS
SM
MD
LG