Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат гуфт, ки 45 мавриди нави сирояти COVID-19-ро сабт кард


Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта 45 мавриди нави сирояти бемории COVID-19-ро сабт кардааст, вале талафот аз беморӣ мушоҳида нашуд.

Дар баёнияи вазорат, ки рӯзи 17-уми июл нашр шуд, омадааст, ки дар умум аз рӯзи 30-уми апрел то 15 – уми июл 6786 нафар мавриди сирояти коронавируси навро сабт кардаанд ва аз ин ҳисоб “5483 нафар ё худ 80,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, 56 нафар фавтидаанд.”

Ба гуфтаи вазорат, “шабонарӯзи охир 171 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 52 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд». Бисёриҳо ба омори расмӣ доир ба сирояти бемории COVID-19 дар Тоҷикистон шубҳа доранд ва мегӯянд, ки миқёси густариши беморӣ ва талафот бузургтар аз он аст, ки тасвир мешавад.

XS
SM
MD
LG