Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз фоҷеаи суқути "Боинг"-и малайзиягӣ шаш сол гузашт


Дар ин ҳодиса 298 нафар кушта шуд
Дар ин ҳодиса 298 нафар кушта шуд

Рӯзи 17 июл аз фоҷеаи "Боинг"-и ширкати ҳавоии Малайзия дар фазои Донбасс шаш сол гузашт. Ҳавопаймои мусофирбаи навъи MH17 аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард ва дар роҳ дар қаламрави таҳти назари ҷудоиталабони украинии ба ном "ДНР" суқут кард. Дар ин ҳодиса 298 нафар, яъне ҳамаи онҳое, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, кушта шуданд. Гурӯҳи тафтишотии байналмилалӣ маълум кард, ки "Боинг" аз ҷониби мушакандози навъи "Бук" зада шуд ва он аз як қисми ҳарбии Русия ба шарқи Украина интиқол шуд. "Бук" дар қаламрави ҷудоиталабон ҷойгир шуда буд. Моҳи март дар Ҳолланд додгоҳе шурӯъ шуд ва дар он ба се шаҳрванди Русия ва як украинӣ, ки қаблан ба ҷудоиталабон рабт доштанд, айб эълон шуд. Мурофиаи додгоҳии ин афрод бидуни ҳузури онҳо ҷараён мегирад. Ҳолланд, Австралия ва Украина гуфтанд, ки дар ин ҳодиса Русия масъулият дорад ва рӯзи 17 июл Украина аз Русия тақозо кард, ки масъулияти фоҷеаро ба дӯш бигирад. Маскав ҳамеша даст доштанаш дар ин фоҷеаро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG