Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони узбек имзо мегузоранд, ки дар сурати гирифторӣ ба вирус иддаое надоранд


Табибон дар Узбекистон.
Табибон дар Узбекистон.

Дар Узбекистон аз оғози моҳи июл аз табибон, ҳамшираҳо ва кормандони марказҳои санитарӣ-эпидемиологӣ баёнот мегиранд. Онҳо дар баёнот менависанд, ки "агар ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ба коронавирус мубтало шаванд, танҳо худашон айбдор ҳастанд".

Як ҳамшира аз бемористони Тошканд, ки дар он мубталоёни вирус табобат мешаванд, бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҳамкорони ӯ чунин баёнотро даҳ рӯз пеш навишта буданд.

"Аллакай чор моҳ мешавад, бо табобати мубталоёни коронавирус машғул ҳастем. Ду ҳафта дар карантини хонагӣ будам. Вақте баргаштам, ба ман гуфтанд, баёнот бинавис. Мазмуни матни баёнот ин буд, ки агар ба коронавирус мубтало шавам, ягон иддао нахоҳам кард. Як ҳамсояи ман дар бемористони дигар ба ҳайси фаррош кор мекунад. Ӯро ҳам маҷбур кардаанд, ки баёноти ҳамсон бинависад", - афзуд ҳамшира.

Корманди яке аз марказҳои санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Тошканд низ тасдиқ кард, ки ҳамроҳи ҳамкоронаш чунин баёнот навиштааст. "Аз ҳамаи кормандони соҳаи беҳдоштӣ ва табибон ин гуна баёнот мегиранд, то ба кормандони тиб ҷубронпулӣ напардозанд. Дар ҳоли ҳозир шумори зиёди кормандони тиб ба вирус мубтало шудаанд, вале ин маълумотро махфӣ нигаҳ медоранд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG