Се кишвари ғарбӣ – ИМА, Бритониё ва Канада Русияро дар он гунаҳгор карданд, ки талош дорад воксинаи зидди COVID-19 ва таҳқиқоти марбут ба табобати коронавирусро аз донишмандону пажӯҳишгоҳҳои эҷодкунандаи дорувор дар саросари ҷаҳон бидуздад. Маркази миллии амнияти интернетии Бритониё (NCSC) рӯзи 16 июл гуфт, ки гурӯҳи рахнагаре бо номи APT29, ки бо лақабҳои дигари мисли Dukes ваё Cozy Bear ҳам маъруф аст, созмонҳоеро ҳадаф қарор додааст, ки дар ин се кишвар машғули анҷоми таҳқиқоти воксинаи зидди COVID-19 мебошанд. Дар изҳороти ин созмон омадааст, ки “ба эҳтимоли ғолиб, ин амал бо ҳадафи дуздии иттилоъ ва моликияти зеҳнии марбут ба эҷоди воксинаи зидди COVID-19 карда мешавад”. NCSC гуфт, APT29 “тақрибан мисли хадамоти иктишофии Русия амал мекунад” ва афзуд, ки ин андешаро ИМА ва Канада ҳам ҷонибдорӣ мекунанд. Пол Чичестер, раиси барномаҳои амалии NCSC “ҳамлаҳои нафратангез бар зидди онҳоеро, ки барои мубориза бо пандемияи коронавирус корҳои муҳимро иҷро мекунанд”, маҳкум кард. Кремлин гуфт, ки Русия ба “ҳамлаҳои эҳтимолии рахнагарон болои ширкатҳои дорусозиву пажӯҳишгоҳҳои таҳқиқотӣ дар Бритониё” ҳеҷ рабте надорад.