Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавони тоҷикро барои қатли пурсарусадои ҳамкораш ба 14 соли зиндон маҳкум карданд


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фарди муттаҳам ба қатли Диловаршо Шомиров, корманди як нуқтаи мошиншӯӣ дар пойтахтро ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Дар додгоҳ эълон шуд, ки нисбати нафари дувуми ба тафтишот номаълум ва корманди Маркази ташхиси судиву тиббӣ низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳукми додгоҳ рӯзи 15-уми июл содир шудааст. Баҳодур Исозода, қозии парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, то замони ба ҳукми иҷро дароманди қарори додгоҳ, яъне то 10 рӯзи дигар ҳаққ надорад онро шарҳ диҳад.

Ҳодисаи қатли Диловаршо Шомиров 22-юми марти соли ҷорӣ рух додааст. Нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси ҷасаде дар яке аз роҳравҳои назди корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе нашр шуд. Зери акс навишта буданд, ки маълум нест ҷасади кист. Аз рӯйи ин акс наздикони Диловаршо Шомиров ӯро шинохтанд ва аз пайи таҳқиқи маргаш шуданд. Муҳокимаи додгоҳии ин қазия 1-уми июл шурӯъ шуда буд.

Дар курсии айбдоршаванда дар додгоҳ Абдулмӯъмин Халилов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳамкори Диловаршо Шомиров нишаста буд.

Талоши мо барои пайдо кардани назари ҷониби айбдоршаванда то ин лаҳза бенатиҷа буд.

Нуриддин Ғафуров, вакили дифои Абдулмӯъмин Халилов аз изҳори назар ба Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Ин вакили дифоъ дар оғози ин қазия аз ҷониби ҷабрдида ҳимоя карда, дар рӯзи шунидани баёноти ҷонибҳо ба толори додгоҳ ҳозир нашудааст.

Умриннисо Шомирова, модари Диловаршо Шомиров, 16-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҳукми додгоҳ дар нисбати қотили писараш изҳори хушҳолӣ кард.

"Аз ҳукми додгоҳ дар нисбати қотили писарам розӣ ҳастам. Судя тавонист дар чаҳорчӯби талаботи қонунгузорӣ ин парвандаро баррасӣ карда, ҳукми боадолатона барорад",-гуфт модари марҳум.

Умриниссо Шомирова афзуд, додраси парванда гуфтааст, феълан Додситонии шаҳри Душанбе нисбати як нафари ба тафтишот номаълум, ки дар қатли писараш шарикӣ кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз карда, ҷустуҷӯи ин нафарро идома медиҳад.

Дар рӯзҳои нахустини рух додани ҳодиса мақомоти корҳои дохилӣ хабар дода буданд, ки таҳқиқи судиву тиббии Вазорати тандурустӣ ошкор кардааст, ки Диловаршо Шомиров аз сактаи мағзӣ фавтидааст.

Ба гуфтаи Умриниссо Шомирова, дар мурофиаи додгоҳӣ эълон шудааст, ки додситонии Душанбе нисбати ин масъули Маркази ташхиси судиву тиббӣ низ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст. Роҳбарони ин марказ низ аз шарҳи ин қазия худдорӣ карданд. Ҳамкоронаш гуфтанд, ки ин нафар баъд аз чанд маротиба даъват шудан ба додситонӣ, худ гирифтори сактаи қалбӣ шуда, дар манзилаш табобат мегирад.

Мақомот мегӯянд, Абдулмуъмин Халилов бо Диловаршоҳ Шомиров дар яке аз нуқтаҳои мошиншӯйӣ дар пойтахти кишвар шоми 22-юми март бар сари моеи мошиншӯӣ муноқиша кардаанд. Ҳарду дар ҳамон нуқтаи мошиншӯйӣ кор мекарданд.

Ба иттилои расмӣ, "дар натиҷа, Абдулмуъмин Халилов бо як зарби мушт Диловаршоҳро ба замин афтондааст ва ӯ ҷон бохтааст".

Қатл дар Тоҷикистон дар пайи муноқишаҳои мухталиф падидаи нав нест ва ҳамасола даҳҳо чунин ҳодиса рух медиҳанд. Бонки Ҷаҳонӣ ҳисоб кардааст, ки мизони кушта шудани сокинон аз дасти ҷинояткорон дар Тоҷикистон солҳои охир баробари то 15 нафар ба ҳар сад ҳазор аҳолии кишвар будааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (2)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG