Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуда дар даври дувуми интихобот дар Лаҳистон "баранда шудааст"


Рафал Тшасковский ва Анджей Дуда
Рафал Тшасковский ва Анджей Дуда

Кумисюни миллии интихоботи Лаҳистон (Полша) рӯзи 13-уми июл эълон кард, ки раиси ҷумҳурии муҳофизакор Анджей Дуда дар даври дувуми интихобот бо дарёфти беш аз 51 дар сади ройи мардум баранда шудааст. Даври дувуми интихобот 12-уми июл баргузор шуд. Рафал Тшасковский, шаҳрдори либероли Варшава, зиёда аз 48 дарсади ороро соҳиб шудааст. Кумисюни миллии интихоботи Лаҳистон гуфт, дар интихоботи рӯзи якшанбе тақрибан ҳафтод дар сади афроди қобили рой иштирок карданд. Интихобот зери чораҳои сахти беҳдоштӣ баргузор шуд. Сокинон дастпӯшу ниқоби тиббӣ доштанд ва фосилаи ҷисмониро риоят карданд. Дар ҳоле ки Ҳизби Қонун ва Адолат аз раиси ҷумҳур Дуда пуштибонӣ мекунад, Тшасковский, узви пешини порлумони Аврупо, номзади созмони мухолифини "Эътилофи шаҳрвандӣ" аст. Анджей Дуда дар даври аввали интихобот, ки ду ҳафта пеш баргузор шуд, 43,5 дарсад ва Рафал Тшасковский 30,5 дарсади ройи интихобкунандаҳоро соҳиб шуда буданд. Интихоби дубораи Дуда барои Ҳизби Қонун ва Адолат, ки барномаи ҷанҷолии ислоҳоти додгоҳиро рӯйи даст дорад, бисёр муҳим аст. Иттиҳоди Аврупо аз ин ислоҳот интиқод карда, гуфтааст, ин барнома додгоҳҳои Лаҳистонро "сиёсӣ" хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG