Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" - ғолиби марҳилаи аввали лигаи олии футболи Тоҷикистон


Марҳилаи аввали қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бо бозиҳои даври 9-ум, ки рӯзҳои 11-12-уми июл баргузор шуданд, ба поён расид. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар 9 бозӣ 25 имтиёз гирифт, дар ҷадвали мусобиқа мақоми аввалро касб намуд.

Қаҳрамони Тоҷикистон дар бозии даври 9-ум дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ «Локомотив-Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро ҳамлагари ҷавон Рустам Соиров дар охири нимаи аввали дидор ба ҳадаф расонд.

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар майдони худ пирӯзӣ ба даст овард. Хуҷандиҳо бар дастаи нави лигаи олӣ - «Душанбе-83»-и Душанбе - бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд. Тӯбро бозигари пуртаҷриба Фирдавс Чақалов дар дақиқаи 90+1ба дарвозаи меҳмонон ворид кард. Ҳамин тариқ, «Хуҷанд», ки соҳиби се имтиёзи муҳим гардид, бо касби 19 имтиёз дар ҷадвал ба ҷойи дувум баромад.

Дастаи “Хатлон”-и Бохтар, ки бозиро дар меҳмонӣ бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, аз ду имтиёз маҳрум гашт. Ҳисобро Эҳсон Бобоев, бозигари “Хатлон”, дар дақиқаи 83-юм боз кард. Баъди чаҳор дақиқа голи ҷавобиро Нозим Бобоҷонов ба самар расонд. Бохтариҳо бо 18 имтиёз дар ҷадвал як зина поён шуда, дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Дар ду бозии дигари даври 9-ум «Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар майдони худ бар «Файзканд» -и Восеъ бо ҳисоби 3:1 ва ССКА-и Душанбе дар меҳмонӣ бар “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 9-ум

«Кӯктош» – «Файзканд» – 3:1

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 23 – аз пеналтӣ (0:1). Бунёд Шодиев, 45+1 (1:1). Аббос Икромов, 87 (2:1). Муҳсин Абдуғаффоров, 90+7 – аз пеналтӣ (3:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Бунёд Шодиев («Кӯктош»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

11 июл. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 1:1

Голҳо: Эҳсон Бобоев, 83 (0:1). Нозим Бобоҷонов, 87 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).

11 июл. Турсунзода. Варзишгои «ТАЛКО-Арена».

«Истаравшан» – ССКА – 1:2

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 4 (0:1). Шервонӣ Мабатшоев, 12 (0:2). Илҳом Баротов, 70 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Мабатшоев (ССКА).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

11 июл. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

«Истиқлол» – «Локомотив - Помир» – 1:0

Гол: Рустам Соиров, 44 (1:0)

Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Соиров («Истиқлол»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе)

12 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«Хуҷанд» – «Душанбе-83» – 1:0.

Гол: Фирдавс Чақалов, 90+1 (1:0).

Беҳтарин бозигари дидор: Агблей Ҷонс («Душанбе-83»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

12 июл. Хуҷанд, варзишгои «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

9

8

1

0

39-5

25

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

9

6

1

2

17-10

19

3

«Хатлон» (Бохтар)

9

5

3

1

16-12

18

4

ССКА (Душанбе)

9

4

2

3

13-12

14

5

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

9

3

3

3

11-12

12

6

«Душанбе-83» (Душанбе)

9

3

2

4

9-16

11

7

«Файзканд» (Восеъ)

9

2

4

3

10-17

10

8

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

9

2

2

5

13-19

8

9

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

9

1

1

7

7-16

4

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

9

1

1

7

10-26

4

Нишонзанҳои беҳтарин : Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан») –8-тӯбӣ, Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Рустам Соиров («Истиқлол») – 6-тӯбӣ.

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG