Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доналд Трамп ҷазои шарики деринаашро сабук кард


Роҷер Стоун ба се солу чаҳор моҳи зиндон маҳкум шудааст.
Роҷер Стоун ба се солу чаҳор моҳи зиндон маҳкум шудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҷазои Роҷер Стоун, яке аз шарикони дерини сиёсиашро сабук кард, ки ба гуфтаи ӯ ҷабридаи парвандаи “бофта”-и Русия аст. Роҷер Стоун, ки ба дурӯғгуӣ дар Конгресс, дасткории далелҳо ва мамониат ба тафтиши Маҷлиси намояндагон гунаҳкор дониста шудааст, бояд ба зудӣ ба зиндон фиристода мешуд. Ӯ бояд 3 солу чаҳор моҳро дар зиндон сипарӣ мекард, вале акнун баъди қарори Доналд Трамп озод карда мешавад.

Доир ба фармони мазкур рӯзи 10-уми июл дар Кохи Сафед эълон доданд. Дар баёнияи расмӣ омадааст, ки Роҷер Стоуни 67-сола то кунун бисёр “ранҷ кашидааст” ва дар сурати нигаҳ доштанаш дар зиндон, мумкин аст, вазъи сиҳатиаш бад шавад. Роҷер Стоунро дар парвандаи ҳамдастии эҳтимолии ситоди интихоботии Доналд Трамп бо Русия бозпурсӣ карданд.

Дар баёнияи Кохи Сафед дигарбора таъкид шудааст, ки ҳеҷ гуна ҳамдастие бо Русия набуд ва парвандаи мазкур, тахаюлоти гурӯҳе буд, ки намехостанд, натиҷаҳои интихоботи соли 2016-ро қабул кунанд. Роберт Мюллер додситони махсусе, ки мудохилаи эҳтимолии Русия ба интихоботи Амрикоро тақрибан ду сол таҳқиқ кард, хулосаи қотеъе доир ба амалкардҳои Трамп, аз ҷумла мамониати эҳтимолии ӯ ба тафтиш надод.

Дар гузориш доир ба муколамаҳое байни ситоди интихоботии Доналд Трамп ва Русия далелҳое овардаанд, вале ба гуфтаи Роберт Мюллер далелҳои кофӣ барои оғози парвандаи ҷиноӣ пайдо накарданд.

XS
SM
MD
LG