Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эстакадаи дувум дар Душанбе боз шуд. "Мушкил дар хотираҳо мемонад". ВИДЕО


Ифтитоҳи эстакадаи дуюм дар Душанбе садҳо сокини маҳаллаҳои ғарбии пойтахтро аз инзиво берун кард. Ин гуруҳи сокинон давоми чаҳор соли ахир бо сабаби баста будани роҳ маҷбур буданд, барои расидан ба маркази Душанбе аз роҳҳои канор истифода кунанд, ки харҷи онҳоро бештар мекард.

Субҳи 10-уми июл Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳи писараш Рустами Эмомалӣ ва ҳамзамон шаҳрдори Душанбе роҳи сетабақаро ба истифода дод.

Бозсозии қитъаи роҳи панҷкилометрӣ аз назди бемористони маъруф ба Қарияи боло то дарвозаи ғарбии Душанбе чаҳор сол идома дошт. Дар ин муддат ҳазорҳо сокинони маҳаллаҳои атрофи ин роҳ ҳамарӯза дучори мушкилоти иртиботӣ буданд. Сокинон маҷбур буданд, барои расидан ба маркази Душанбе роҳи дарозтареро тай кунанд. Онҳо аз баста будани як бахши умдаи роҳ ҳамеша шикоят мекарданд, вале акнун натиҷаи кор мавриди ситоиши онҳо қарор мегирад. Бошандагони қисмати ғарбии Душанбе мегӯянд, бовар доранд, ки мушкилоти онҳо бо ифтитоҳи ду эстакада дар хотираҳо монд.

Расул Шарофов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки қаблан барои то ба манзил маҳсулоти харидааш мушкил дошт.

"Як бозорӣ мекардем, гирдо ба гирд мерафтем, лекин ҳозир роҳат бо мошин то ба хона мерасем. Пештар бошад, барои аз ҷойи кор то ба манзил расидан маҷбур будем аз чанд нақлиёт истифода кунем,"-гуфт ин сокини Душанбе.

Дар тӯли чаҳор соли ахир сокинони ин маҳаллаҳо асосан барои омаду рафт то ҷойи кор ё то ба манзил аз хадамоти таксӣ истифода мекарданд, ки боиси афзоиши харҷи будҷаи оилавӣ мешуд. Аммо, ҳамакнун, сокинон метавонанд барои расидан ба манзил аз хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд.

Дар Душанбе эстакадаи дуюм ба истифода супурда шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Бар асоси дастури раиси ҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ду чорроҳаи сетабақа дар ин қитъаи роҳ то охири сол бояд анҷом меёфт. Аммо мақомот гуфтанд, хуруҷи пандемияи коронавирус иҷроиши ин корро ба қафо партоф.

Аброр Музаффаров, роҳбари тарҳи бозсозии ин қитъаи панҷкилометрии роҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, "муҳандисони хориҷии мо моҳи январу феврал ба кишвари худ, Чин барои истироҳат рафта буданд. COVID-19 сабаб шуд, ки онҳо натавонистанд ба Тоҷикистон баргарданд. Гузашта аз ин, мо низ натавонистем сари вақт аз Чин маҳсулоти ороишӣ барои сохтмони ин ду чорроҳаи сетабақаро аз хориҷи кишвар ворид созем".

Ҳангоми дидор аз ин қитъаи роҳ мушоҳида шуд, ки ҷодаи мошингард бо ҳашт хатти ҳаракати мошинҳо ва чаҳор хатти ҳаракати нақлиёти мусофирбар пурра мумфарш шуда, деворҳои чорраҳаҳои сетабақаву дутабақа ба таври муосир оро дода шудаанд.

Паҳноии ин роҳ 68 метр аст ва интизор меравад бунёди ду эстакада тамбашавии нақлиётро дар ду чорроҳаи калони Душанбе аз байн мебарад. То ин вақт чорроҳаи назди беморхонаи Қарияи боло ва гардиши маҳаллаи 82 аз маконҳои асосии тамбашавии мошинҳо дар субҳу шом буд.

Бозсозии ин қитъаи панҷкилометрии роҳ ва сохтмони чорраҳаҳои бисёртабақа бо кӯмаки молии 40 миллион долларии Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд имконпазир шуд. Ҷониби Тоҷикистон низ миқдоре аз хароҷоти ин тарҳро таъмин кардааст. Иҷрои ин тарҳ аз сӯи ширкати "Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп"-и Чин анҷом шуда, назорати корҳои сохтмониро ширкати машваратии "Эптиса"-и Испания бар ӯҳда доштааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG