Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИА аз маҳдуд шудани озодии баён дар Беларус


Жозеп Боррелл, намояндаи аршади ИА дар умури хориҷӣ
Жозеп Боррелл, намояндаи аршади ИА дар умури хориҷӣ

Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки аз маҳдудиятҳои озодии баён ва озодии ҷамъомад дар Беларус дар остонаи интихоботи президентии ин кишвар нигарон мебошад. Намояндаи аршади ИА дар умури хориҷӣ Жозеп Боррелл зимни суханрониаш дар парлумони Аврупо дар Брюссел рӯзи 9 июл гуфт, ки интизор аст базудӣ Беларус намояндагони Аврупоро барои назорат аз интихобот даъат хоҳад кард. Боррелл гуфт:

“Ман итминон медиҳам, ки мо ба Беларус дар остонаи интихоботи президентии 9 августи ин кишвар аз наздик таваҷҷӯҳ мекунем. Мо аз маҳдуд шудани озодиҳои ташкили ҷамъомад ва баён, аз ҷумла гузоришҳо дар бораи боздошти эътирозгарони сулҳомез, блогнависҳо ва журналистон изҳори нигаронӣ мекунем. Озору таъқиби номзадҳои мухолифон бояд хотима дода шавад. Озодиҳои бунёдӣ бояд риоя шаванд ва ҳар номзад ва раъйдиҳанда бояд тавонанд дар тасмимгирӣ аз ҳақи маданиву сиёсии худ истифода баранд”.

Мақомдори аврупоӣ инчунин ба озод кардани ҳама афроди ба таври худсарона боздоштшуда даъват кард. Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ сохторҳои ҳифзи қонуни Беларус даҳҳо ширкатдори намоишҳои эътрозиву мунаққидони президент Александр Лукашенко ва фаъолони ҷамъоварандаи имзо барои номзадҳои мухолифинро боздошт карданд. Яке аз рақибони калидии интихоботии Лукашенко – собиқ раҳбари бонк Виктор Бабарика бо иттиҳоми гӯё муомилаҳои ғайрқонунии молӣ боздошт шудааст. Фазои сиёсиву саркӯбҳо ва таъқиби номзадҳои интихоботӣ дар Беларусро чандин созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон интиқод кардаанд.

XS
SM
MD
LG